Вазорати нақлиёт дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» 5 миллион бех ниҳол мешинонад

Июль 15, 2024 15:51

ДУШАНБЕ, 15.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Идораҳои хоҷагии роҳҳои мошингарди шаҳру ноҳияҳои мамлакат вазифадор гаштанд, ки дар давоми ду ҳафта нақшаи шинонидани ниҳолҳоро дар қад-қади роҳҳои мошингард таҳия ва тасдиқ карда, ба Вазорати нақлиёт пешниҳод намоянд. Дар ин хусус зимни ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи соли равон, ки 12 июл доир гардид, гуфта шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ доданд, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024 «Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» Вазорати нақлиёт муваззаф шудааст, ки дар ин муддат дар шафати роҳҳо ва инфрасохтори онҳо 5 миллион бех ниҳол шинонида, сабз гардонад.

Дар ҷаласа ҳамчунин иброз гардид, ки дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳо ва зиёд намудани муҳлати истифодабарии онҳо, аз нигоҳубини дуруст тибқи технология вобаста буда, масъулияти идораҳои хоҷагии роҳҳо дар минтақаҳо ва муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои мошингарди Вазорати нақлиёт маҳсуб мешавад.

«Мутаассифона, муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои баъзе шаҳру ноҳияҳо то ҳол қубурҳои обгузарро пурра тоза накардаанд, ки ба вайроншавии пеш аз муҳлати роҳҳои мошингард оварда мерасонад»,-изҳори нигаронӣ шуд дар ҷаласа.

Бо мақсади ба роҳ мондани истифодабарии дурусти роҳҳои мошингард, кабудизоркунӣ, тоза намудани ҷӯю заҳбур, қубурҳои обгузар ва гирду атрофи муассисаҳо аз ҷониби вазорат нақшаи тадбирҳо таҳия ва тасдиқ гардида, барои иҷро ба муассисаҳои роҳдорӣ ирсол гардидааст.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 15, 2024 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид