ФУТБОЛ: «Регар-ТадАЗ» ба финали Ҷоми ФФТ роҳ ёфт

Февраль 15, 2018 10:10

ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  бозии якуми даври нимфиналии мусобиқоти Ҷоми ФФТ  миёни дастаҳои футболи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва КМВА «Помир»-и Душанбе  баргузор шуд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  ин  дидор   бо ҳисоби 4:2 ба нафъи дастаи  футболи «Регар-ТадАЗ» ба поён расид.

Вақти асосии бозӣ бидуни гол паси сар шуд. Баъд аз ин довари марказӣ ду қисми иловагӣ таъйин кард. Дар ин ҳолат бозингарони дастаи КМВА «Помир» аввалин шуда, бо ташаббуси Идибек Ҳабибуллоев ҳисобро боз намуданд. Аммо дере нагузашта, ҳамлагари дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ» Дороб Эргашев таносубро барқарор сохт. Дар задани сислсилазарбаҳои 11-метра бахт ба рӯи футболбозони дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» хандиду роҳхати даври финалии Ҷоми ФФТ-ро  ба даст оварданд.

Февраль 15, 2018 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт