«Пешвои миллат-ташаббускори рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ». Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар Душанбе

Апрель 27, 2018 16:58

ДУШАНБЕ, 27.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.   Имрӯз дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Пешвои миллат-ташаббускори рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» оғоз гардид, ки ду рӯз идома меёбад.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар оғози кори конференсия Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумитаи ҷавонон ва варзиш,   Кумитаи рушди сайёҳӣ  ва донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид зимни суханронии худ зикр кард, ки соҳаи сайёҳӣ дар садаи XXІ дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, аз ҷумла бунёди ҷойҳои нави корӣ, болоравии шуғли иқтисодии аҳолии қобили меҳнат ва афзоиши некўаҳволии мардум нақши ҳалкунанда бозида истодааст.

«Имрўз соҳаи сайёҳӣ дар кишварҳое, ки рў ба афзоиш доранд ва дорои иқтидори баланди табиӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, табобатӣ, олами нотакрори набототу ҳайвонот, мардуми бофарҳангу меҳмоннавоз ва сатҳу сифати баланди хизматрасонӣ мебошанд, масоили умда ва доғи рўз гардидааст. Тоҷикистон дорои иқтидори баланди сайёҳӣ -рекреатсионӣ буда, ҳудуди он аз захираҳои табиӣ, объектҳои фарҳангии сатҳи миллӣ ва ҷаҳонии фарҳангию таърихӣ ғанӣ мебошад», — зикр намуд Н.Саид.

Ҳамчунин дар конференсияи мазкур иштирокдорон дар мавзӯъҳои «Пешвои миллат-ташаббускори рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ», «Татбиқи ташаббусҳои Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ омили пешрафту шукуфоии мамлакат», «Имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рушди соҳаи сайёҳӣ ва нақши он дар баланд гардонидани сатҳи даромаднокии давлат» ва «Нақши корхонаҳои хадамоти меҳмонхонадорӣ дар системаи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ» маърӯзаҳо намуданд.

 

Апрель 27, 2018 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад