Кумитаи ҳолатҳои фавқулода соҳиби таҷҳизоти нави ҷустуҷӯӣ – наҷотдиҳӣ гардид

Май 24, 2018 09:20

ДУШАНБЕ, 24.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи зудамали наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби таҷҳизоти ҷустуҷӯӣ – наҷотдиҳӣ ва техникаи вазнин, ки  иборат  аз 6 трактору булдозер, 18 заврақ ва чанд ҳавопаймову чархболҳои бе сарнишин  аст,  гардид.

Дар ин бора  сухангӯи   Кумитаи мазкур Умеда Юсуфӣ  ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, зикр кард, ки таҷҳизоти мазкур дар доираи амалисозии  лоиҳаи «Таҳкими иқтидор ба омодагӣ ва эътинод»  дастрас гардид. Ин лоиҳа  моҳи августи соли 2016  байни  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия, дар доираи Фонди Трастовии Барномаи рушди СММ имзо  гардид. Қисмати  дигари таҷҳизоти мазкур дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Созмони байналмилалии мудофиаи шаҳрвандӣ, Раёсати комиссари олии СММ оид ба гурезагон ва Агентии ҳамкории техникӣ ва рушд дастрас гардидааст.

Дар маросими тақдими таҷҳизот раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода, Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, Сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Тоҷикистон Хаҷимэ Китаока, роҳбари Барномаи рушди СММ Пратибха Мехта ва намояндагони дигар ташкилоту созмонҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

Р.Назарзода  ба шарикон изҳори миннатдорӣ  намуда, зикр кард, ки техникаи мазкур барои наҷоти одамон ва осон намудани кори наҷотдиҳандагон  мусоидат  менамояд.

 

Май 24, 2018 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Барои кормандони озмоишгоҳҳои Тоҷикистон оид ба ташхиси барвақтии зукоми паранда даври омӯзишӣ гузаронида шуд
Тоҷикистон дар бандари «Чобаҳор»-и Эрон маркази логистикӣ таъсис медиҳад
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант Олимпиадаи V ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъбаст гардид
Чанган дар Тоҷикистон — оянда аллакай фаро расид!
Гармии баланди ҳаво ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ модули «Декларатсияи мусофирон» фаъол карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво аз 32 то 42 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд