Академияи ВАО миёни сокинони Суғд доир ба муҳтавои барномаҳои радио, ТВ ва нашрияҳо мониторинг гузаронд

Июль 27, 2018 08:11

ДУШАНБЕ, 27.07.2018 АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи  Тоҷикистон»  дар шимоли мамлакат- шаҳру  ноҳияҳои вилояти Суғд миёни сокинон доир ба муҳтавои барномаҳои шабакаҳои радио, телевизион ва маводи нашрияҳои мамлакат  назарсанҷӣ гузаронида шуд.

Аз «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи мониторинг- омода  намудани тавсияҳо барои беҳтар гардидани  барномаҳои радио, телевизион ва маводи рӯзномаҳо мебошад. Интизор меравад, ки  чунин назарсанҷиҳо  давоми соли 2018 дар ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронида шаванд.

Мавриди зикр аст, ки Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» моҳи марти соли 2016 таъсис дода шуда, рисолаташ такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Июль 27, 2018 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд