Дар шаҳри Ҳисор конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» баргузор гардид

Июль 12, 2018 14:20

ДУШАНБЕ, 12.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Ҳисор конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар конфронси мазкур роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила,  Вазорати фарҳанги мамлакат ва  намояндагони Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар кори конфронс олимону муҳаққиқон ва кормандони ҷавони вазорату идораҳо иштирок  ва маърӯза намуданд.

Дар конфронси ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки бояд мо  барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ талош намоем. Аз ин рӯ моро лозим меояд, ки ба ҳунарҳои дастӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳунармандонро дастгирӣ намоем.

Мусаллам аст, ки маҳсулоти ҳунармандӣ ва намунаҳои фарҳанги суннатӣ яке аз воситаҳои ҷалби сайёҳон ба кишвар маҳсуб мешавад. Ҳамчунин  сарзамини Тоҷикистон бо табиати дилошӯбу фарҳанги нотакророраш ҳазорон сайёҳону дӯстдорони табиатро ба худ ҷалб менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда,  барои рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон дар доираи кори конфронс иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Ҳисор ва ҳунари дасти ҳунармандон дидан намуданд.

Июль 12, 2018 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид