САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи сайёҳии «Ватан», ки онро хонандаи синфи 11-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Мирмуҳаммад Мирҷамолов таҳия намудааст, муаррифӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Лоиҳаи «Ватан» ҳамчун замимаи мобилӣ бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва фароҳам овардани дастрасии осон ба маълумот оид ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва табиии мамлакат таҳия шудааст. Замима маълумотро дар бораи меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, тарабхонаю қаҳвахонаҳо ва дигар мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ дар бар мегирад.
Зимни муаррифии лоиҳа иброз гардид, ки ин ташаббус яке аз намунаҳои истифодаи технологияҳои муосир дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби ҷавонон ба равандҳои рақамикунонии соҳа мебошад.
Барои такмили минбаъдаи лоиҳа аз ҷониби иштирокчиён як қатор тавсияҳои амалӣ пешниҳод гардид. Аз ҷумла, васеъ намудани маълумот дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ, такмили тарҳи замима, фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ барои истифодабарандагон ва таҳкими ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки рушди чунин ташаббусҳои эҷодкоронаи ҷавонон ба баланд бардоштани маърифати рақамӣ, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат мусоидат менамояд.
Лоиҳаи сайёҳии «Ватан» дар оянда метавонад ҳамчун воситаи иловагии муаррифии захираҳои сайёҳии Тоҷикистон, ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ва рушди хизматрасониҳои рақамӣ дар соҳа истифода шавад.
Гуфта шуд, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои созанда ва лоиҳаҳои инноватсионии ҷавононро, ки ба рушди сайёҳӣ, муаррифии арзишҳои миллӣ ва истифодаи технологияҳои муосир равона шудаанд, муҳим шуморида, пайваста дастгирӣ менамояд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад






