ШАҲРВАНДИ АМРИКО БАРОИ ҶАРРОҲӢ БА ДУШАНБЕ ОМАД. Директори Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон Саидмаҳмуд Исмоилзода: «Ҳолати саломатии бемор баъд аз ҷарроҳӣ хуб аст»

Октябрь 12, 2018 10:43

ДУШАНБЕ, 12.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре ВАО иттилоъ доданд, табибони тоҷик субҳи 10 октябр дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Душанбе  ҷарроҳии табдили гурдаи Маҳшед Ҳомидӣ, ҳамсари Иброҳим Ҳомидӣ, маъруф ба Эбӣ, ҳунарманди шинохтаи эронитабори муқими Амрикоро анҷом доданд. Баъд аз рӯзи  дуюми ҷарроҳии пайванди гурдаи   Маҳшед Ҳомидӣ   табибон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Ибодат ДАВЛАТЗОДА ҳолати беморро хуб  арзёбӣ намуданд.

Директори Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон  Саидмаҳмуд Исмоилзода   чунин изҳор дошт:  «Бемор ба Марказ   10 рӯз пеш аз ҷарроҳӣ ворид гардида буд,  мо ӯро барои ҷарроҳии пайванди гурда омода кардем.   10 октябр амалиёти ҷарроҳӣ бомуваффақият анҷом дода шуд.  Айни ҳол вазъи бемор хуб мебошад».

Тавре Радиои «Озодӣ» навиштааст,  Эбии 69-сола бо ҳамсараш Маҳшед 27 сол қабл дар Амрико издивоҷ карда будааст. Ӯ дар суҳбат бао хабарнигорон изҳор намуд тамоми таронаҳои ошиқонаашро дар васфи Маҳшед сурудааст ва бо гузашти ин солҳо оташи ишқу муҳаббаташ ба ҳамсар кам нашудааст. Бо он ки овозхони маъруфи таронаҳои “Ҳариқи сабз”, “Дилтангам” ва дигарҳо пушти дари ҷарроҳӣ бо журналистони Радиои Озодӣ хеле боҷуръатона суҳбат мекард, вале эҳсос мешуд, ки садояш каме меларзад. Вақте чанде аз дӯстонаш ба назди ӯ омаданд, чашмонаш пур аз об шуд ва чеҳрааш тар шуд. Эҳсосе, ки натавонист пинҳон кунад.

Ба гуфтаи ин овозхон, ҳамсари 53-солааш чанд соли охир аз дарди гурда ранҷ мекашид ва ниҳоят дӯстони табибаш тавсия доданд, ки ҷарроҳии пайвандсозиро дар Тоҷикистон   анҷом диҳад.

Бояд зикр намуд, ки    ҳунарманди шинохтаи эронӣ Иброҳим Ҳомидӣ, ки мухлисонаш ӯро бо номи  Эбӣ мешиносанд, айни ҳол бо оилааш дар Амрико умр ба сар мебарад.  Эбӣ хонандаи саршиноси попи эронӣ мебошад, ки охири солҳои 70-ум машҳур шудааст ва  дар мамлакати мо низ мухлисони зиёд дорад.

Дар давоми 50 соли овозхонӣ Эбӣ беш аз 20 албоми сурудҳояшро сабт карда, зиёда аз 100 консерти худро дар   кишварҳои гуногун баргузор намудааст.

Иброҳим Ҳомидӣ   ҳангоми ҷарроҳии ҳамсараш ба Тоҷикистон омада буд ва баъд аз анҷоми амалиёти ҷарроҳӣ, ки муваффақона анҷом ёфт,  субҳи дирӯз ба Амрико баргашт.

Тавре директори Марказ иброз дошт,  «дар вақти ҷарроҳии пайвандсозӣ ҳунарманд Эбӣ, писараш Фаршед Ҳомидӣ ва дӯстону наздиконашон ҳузур доштанд.  Баъд аз он, ки ҳолати ҳамсараш хубтар шуд, Эбӣ ба Амрико баргашт ва рӯзҳои наздик боз ба Тоҷикистон хоҳад омад».

Бо иттилои  ҳамсуҳбат,  ба Маҳшед Ҳомидӣ  гурдаи яке аз хешовандони наздикаш  пайванд карда шуд ва феълан ҳолати  он  нафар низ хуб буда, аз шуъбаи эҳё ба  ҳуҷраи табобатӣ   интиқол дода шудааст.  Маҳшед Ҳомидӣ   пас аз ҷарроҳӣ муддати 10 рӯз дар беморхона зери назорати духтурони тоҷик мемонад. Баъди пурра  барқарор шудани саломатиаш метавонад ба ватанаш баргардад.

Мавриди зикр аст, ки давоми соли равон   дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ба зиёда аз 25 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти ҷарроҳӣ  гузаронида шуд.  Инчунин ба 108 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷарроҳи пайвандсозӣ гузаронида шудаст, аз ҷумла ба 95 нафар ҷарроҳии пайванди гурда ва ба 16 нафари дигар ҷарроҳии пайванди ҷигар.

Ин аз таҷриба, малака ва сатҳи баланди тахассусии ҷарроҳони Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар шаҳри Душанбе дарак медиҳад.

Октябрь 12, 2018 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Сино супорида шуд
Дар Душанбе ба пешвози меҳмонон-иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо омодагӣ мегиранд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кумакҳои пулӣ расонида мешаванд
Дар Душанбе барои занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» оғоз ёфт
Барои ташкили ғайриқонунии нуқтаи савдо нисбат ба 13 шаҳрванд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш»-и шаҳри Душанбе беҳтарин боғ дар соли 2025 дониста шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Имрӯз дар «Кохи Суруш»- и шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ! Дар пойтахт сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ РАВАНДСОЗ. Ин равандҳо фарогири доираи васеи кишварҳо аз чор қитъаи олам- Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрико мебошад