«НИГОҲ БА СӮИ ОЯНДА». Таҳти ин унвон Универсиадаи патентии авруосиёӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 январ то 9 сентябр бо мақсади дастгирии ҷавонони болаёқат ва баланд бардоштани шавқу рағбати онҳо ба масъалаҳои моликияти зеҳнӣ Универсиадаи патентии авруосиёӣ- «Нигоҳ ба сӯи оянда» баргузор мешавад. Дар ин бора аз Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Барои иштирок дар универсиада толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ, миёнаи касбӣ, олӣ, инчунин дигар шахсони ҳавасманди аз 10 то 25-сола даъват карда мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, универсиада аз рӯи ду категорияи синнусолӣ дар намуди озмуни корҳои эҷодӣ ё лоиҳаҳо аз рӯи мавзӯъҳои зерин баргузор мешавад:
- категорияи I синнусолӣ (аз 10 то 17-сола) — «Аз афсона-ба ҳаёт: ҳалҳои ҷолиб»;
- категорияи II синнусолӣ (аз 18 то 25-сола) — «Оянда аз назари ҷавонон: аз ғоя то патент».
Корҳои эҷодӣ ё лоиҳаи эҷодӣ метавонанд ҳам аз ҷониби иштирокчии алоҳидаи универсиада ва ҳам аз ҷониби гурӯҳи иштирокчиён мустақилона ё таҳти назорати роҳбари илмӣ иҷро карда шаванд.
Корҳои эҷодӣ (лоиҳаҳои эҷодӣ) ба Идораи патентии авруосиёӣ дар муҳлати аз 1 январ то 30 апрел дар шакли қоғаз ба суроғаи зерин равон карда шаванд: Россия, 109012, ш. Москва, хиёбони М. Черкасский, бинои 2. Дар якҷоягӣ бо кори эҷодӣ (лоиҳаи эҷодӣ) ба Идораи патентии авруосиёӣ ариза барои иштирок дар универсиада равон карда мешавад.
Як иштирокчии универсиада (гурӯҳи иштирокчиён) соли равон метавонад як кори эҷодӣ ё як лоиҳаи эҷодиро равон намоянд.
Туҳфаи асосии ғолибони универсиада- ин ташриф ба қароргоҳи Идораи патентии авруосиёӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия барои шиносоӣ мебошад.
Ғолибони Универсиада бо медали Идораи патентии авруосиёӣ «Нигоҳ ба сӯи ба оянда», туҳфаҳои қиматбаҳо ва дипломҳо сарфароз гардонида мешаванд.








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






