Кумитаи рушди сайёҳӣ: Оммавӣ шудани саёҳатҳои дохилӣ беҳтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ ва дӯст доштани Ватан аст

Март 6, 2019 19:45

ДУШАНБЕ, 06.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти сарпарастии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии «Ориент Адвентур» лоиҳаи муштараки Кумитаи рушди сайёҳӣ ва телевизиони «Баҳористон» ҷиҳати оммавӣ гардонидани саёҳати дохилӣ ва ба ин васила баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ ва худшиносии миллӣ миёни кӯдакону наврасон оғоз гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, дар доираи чорабиниҳои ин лоиҳаи муштарак саёҳати нахустини як гурӯҳ муҳассилини макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шаҳри Ҳисор сурат гирифт.

Иштирокдорони саёҳат аз ин мавзеи таърихии кишвар дидан намуда, аз сатҳи хизматрасонии роҳбаладон дар ин минтақа баҳравар гардида, таассуроти нек бардоштанд.

Саёҳати кӯдакону наврасон тавассути барномаи алоҳидаи телевизионӣ аз ҷониби шабакаи телевизионии «Баҳористон» сабт ва намоиш дода мешавад.

Минбаъд тибқи лоиҳаи муштарак саёҳати гурӯҳи наврасону кӯдакон ба минтақаҳои гуногуни сайёҳии Ватани маҳбубамон ташкил ва роҳандозӣ карда мешавад.

Қобили тазаккур аст, ки дар раванди рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгориҳои таърихию фарҳангии бақайдгирифташуда, захираҳои бузурги экологӣ ва табиати назаррабои диёри офтобрӯяамон мусоидат менамоянд.

Афзалияти дигари рушди сайёҳии дохилӣ ва ҷалби оммаи васеи мардум ба беҳтар гардонидани сифати зиндагии мардум аҳамияти калон дорад.

Мавқеи ҷуғрофии шаҳри Ҳисор, фазои мусоиди экологӣ ва иншооти соҳа, аз қабили мамнўъгоҳи «Қалъаи Ҳисор», осоишгоҳҳои «Шоҳамбарӣ» ва «Сатурн», мамнуъгоҳи таърихию мадании Ҳисор барои рушди сайёҳӣ иқтидорӣ воқеӣ дорад.

Ҳисор яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба шумор рафта, аз қадимулайём бо обу ҳавои латифу мусоид, куҳҳои пурфайз, дарёҳои сероб, заминҳои зархез ва дороии ёдгориҳои ҳама давр диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамуд.

«Ҳисор» дар луғатҳои тафсирӣ ба маъниҳои иҳоташуда, қалъа, ҷои мустҳакам, девори даври қалъа омадааст. Мафҳуми зеринро гирифтани ин водии зархез дар қалби қаторкуҳҳо доман паҳн кардани он ва вуҷуд доштани қалъаи мустаҳкам собит месозад. То асри XV ин диёри зархезро, ки қаламрави салтанатҳои гуногун буд, бештар бо номҳои «Шумон» ё «Шомон» ном мебурданд.

Ҳисор дар ҳама давраҳои таърих, аз давраи қадим то давраи асрҳои миёна ҳамчун шаҳри тараққикарда, маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, савдоӣ ва мадании водии Ҳисор ба шумор мерафт.

Ҳоло имкониятҳои сайёҳии шаҳр дар маводи тарғиботӣ-ташвиқотии соҳаи сайёҳӣ, ки аз тарафи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расонида мешаванд, мунтазам инъикос шуда, ширкатҳои сайёҳии кишвар низ ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ тавассути пешкаш намудани хатсайрҳои нав ба шаҳри Ҳисор тариқи шаҳри Душанбе тадбирҳои судманд андешидаанд.

Мавриди зикр аст, ки мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисор ба қатори даҳгонаи мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии кишвар дохил мешавад, ки ба инҷо сайёҳон бештар ташриф меоранд.

Дар соли 2018 аз мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисор 38374 меҳмонону сайёҳон дидан намуданд, ки аз ин шумора 7983 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Дар муқоиса ба соли 2017 сайёҳони хориҷӣ 4375 нафар, сайёҳони дохилӣ 7090 нафар ва дар ҷамъ 11465 нафар сайёҳон зиёд ташриф оварданд.

Март 6, 2019 19:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд
Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд
БАРОИ ҶАЛБИ БЕШТАРИ ҶАҲОНГАРДОН ЧӢ БОЯД КАРД? Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳамоиш доир шуд
Хатсайри Душанбе — Остона ба фаъолият оғоз намуд
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд
Ба шарафи Наврӯзи бостонӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд