Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба форуми «Як камарбанд, як роҳ» даъват намуд

Апрель 24, 2019 21:00

ДУШАНБЕ, 24.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин (ҶМЧ) Си Ҷинпин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба саммити форуми дуюми «Як камарбанд, як роҳ», ки 25-27 апрели соли равон дар шаҳри Пекин баргузор мешавад, даъват намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба гуфтаҳои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И, ки рӯзи ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ эълон дошт, хабар медиҳад.

Форуми дуюми байналмилалӣ, ки ба ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ»-и Чин  бахшида шудааст, моҳи апрели соли 2019 дар ҶМЧ баргузор мешавад. Дар ин бора ҳанӯз соли гузашта Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин зимни суханрониаш дар саммити Созмони ҳамкории иқтисодии Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором дар пойтахти Папуа-Гвинеяи нав изҳор дошт.

«Форуми дуюми ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» моҳи апрели соли оянда дар Пекин баргузор мегардад. Мо иштирокдорони доираҳои соҳибкорони минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Оромро ба он даъват менамоем», —  гуфта буд ӯ.

Си Ҷинпин ҳамчунин таъкид кард, ки дар доираи ин ташаббус Чин бо 140 кишвари дунё ва созмонҳои байналмилалӣ санадҳои ҳамкорӣ имзо кард. «Ин майдони бох барои ҳамкорӣ мебошад. Он барои ҳеҷ гуна рӯзномаи геополитикии пинҳонӣ таъсис наёфтааст ва бар зидди касе низ равона нашудааст», — зикр намуда буд ӯ.

Раиси ҶМЧ ҳамчунин афзуда буд, ки Чин барои ҳамкорӣ бо ҳама дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» омода аст ва ин «на клуби пӯшида ва на дом аст, тавре баъзеҳо мегӯянд».

Ташаббуси роҳбарияти Чин «Як камарбанд, як роҳ» лоиҳаҳои «Камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи абрешим» ва «Шоҳроҳи абрешими баҳрии асри XXI»-ро, ки моҳи сентябри соли 2013 пешбарӣ шуда буданд, дарбар мегирад. Он баимзорасонии ёддоштҳои тафоҳуми дуҷонибаро оид ба ҳамкорӣ бо давлатҳои воқеъ дар хатсайрҳои нақлиётии Авруосиё (аллакай 40 санад ба имзо расидааст),ки қад-қади онҳо «долонҳои рушди иқтисодӣ» бунёд мешаванд, пешбинӣ мекунад.

Форуми якуми «Як камарбанд, як роҳ» моҳи майи соли 2017 дар Пекин баргузор гардида буд. Дар он сарони 29 давлат ва ҳукумат, инчунин роҳбарони созмонҳои бонуфузи байналмиалӣ иштирок намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба изҳороти вазири корҳои хориҷии Чин хабар медиҳад, тақрибан сарони 40 давлат ва ҳукумат дар форуми дуюми «Як камарбанд, як роҳ» иштирок менамоянд.

«Форуми дуюми «Як камарбанд, як роҳ» чорабинии муҳими байналмилалӣ дар соли равон дар Чин мегардад. Дар он сарони 37 давлат ва ҳукумат иштирок хоҳанд кард», — иттилоъ дод Ван И.

Ба гуфтаи ӯ, дар кори форум директор-маъмури Хазинаи байналмилалии асъор Кристин Лагард ва дабири кулли СММ  Антониу Гутерриш низ ширкат меварзанд.

Ван И иттилоъ дод, ки барномаи форум хеле пурмуҳтаво хоҳад буд: 25 апрел 12  ҳамоиши мавзӯӣ ва конфронс, 26 апрел маросими тантанавии ифтитоҳ ва вохӯриҳои сатҳи олӣ, 27 апрел ҷаласаи умумии роҳбарони давлатҳо  баргузор хоҳанд шуд. Чорабиниҳои форум таҳти раёсати Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин, ки дар маросими ифтитоҳ суханронӣ мекунад ва натиҷаҳои онро дар фарҷом ҷамъбаст менамояд, баргузор мегарданд.

Илова бар ин, Си Ҷинпин ҳамроҳ бо ҳамсараш Пэн Лиюан барои меҳмонони олимақом зиёфати расмӣ меороянд.

Вазири корҳои хориҷии Чин ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар форуми имсола бо даъвати Раиси ҶМЧ, аз ҷумла, сарони давлатҳои Тоҷикистон, Россия, Покистон, Қазоқистон, Австрия, Озарбойҷон, Беларус, Чехия, Миср, Юнон, Венгрия, Италия, Монголия, Филиппин, Сербия, Сингапур, Таиланд ва Амороти Муттаҳидаи Араб  иштирок хоҳанд кард.

Апрель 24, 2019 21:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода