Рустами Эмомалӣ президенти нави Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб шуд

Апрель 24, 2019 14:23

ДУШАНБЕ, 24.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Конгреси  навбатии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA — Central Asian Football Association), ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, президенти нави CAFA интихоб шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Акнун қароргоҳи CAFA ба пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе мекӯчад»,- иттилоъ доданд аз ФФТ.

Анҷумани навбатии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенсии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он  коршиносони сатҳи байналмилалӣ иштирок  намуданд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, баъди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ дар соҳаи футболи тоҷик тағйироти куллӣ ба миён омад. Сохта ба истифода додани садҳо майдончаҳои хурду бузурги варзишӣ, татбиқи барномаи рушди футболи маҳаллӣ, дастгирии футболбозони наврасу ҷавони миллати тоҷик ва ғолибияти дастаҳои якачини футболи тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ натиҷаи заҳматҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошанд.

«Рустами Эмомалӣ натанҳо дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷавонону варзишгаронро дастгирӣ менамояд, балки ӯ ҳамеша ғамхору дастгири ҷавонони  мамлакат буда, соли 2017 сарпарастии тамоми чорабиниҳои Соли ҷавононро бар уҳда дошт»,- афзуд  манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ зерсохтор ва ассотсиатсия дар Конфедерасияи футболи Осиё буда, футболро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ  назорат мекунад. Ассотсиатсия мазкур  10 июни соли 2014 ташкил шуда, расман 9 январи соли 2015 ба фаъолият шурӯъ кардааст. Ба ин Ассотсиатсия федератсияҳои футболи Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.

Апрель 24, 2019 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад