Бо дастури Раиси шаҳри Душанбе Комиссияи доимӣ оид ба санҷиши вазъи истифодаи муассисаҳои таълимии навбунёди пойтахт таъсис ёфт

Июль 31, 2019 10:15

ДУШАНБЕ, 31.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси  Амри Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Комиссияи доимӣ оид ба санҷиши вазъи истифодаи муассисаҳои таълимии навбунёди пойтахт таъсис ёфт.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои  дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати назорати пайвастаи вазъи истифодаи муассисаҳои таҳсилоти навбунёди пойтахт, ки зимни ифтитоҳи марҳилаи аввали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ  14 августи соли 2018 баён дошт, роҳандозӣ гардид.

Тибқи қарори дахлдор, Комиссияи мазкур  вазифадор карда шудааст, ки ҳар шаш моҳ баъди ба истифода додани иншооти нави соҳаи маориф санҷиши ҳолати воқеии онро ба роҳ монда, аз натиҷааш ба унвони Раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намояд.

Ҳамчунин дар асоси ин  қарор Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе вазифадор шудааст,  ки рӯйхати иншооти сохташуда ва дигар маълумоти зарурии ба он вобастаро  ба Комиссия дастрас намояд.

 

Июль 31, 2019 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи забони давлатӣ омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Намоишгоҳи якуми байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи сохтмони корхонаи коркарди партовҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар Майдони Истиқлоли пойтахт барномаи консертии ботантана баргузор гардид
ДУШАНБЕ — ШАҲРЕ, КИ ҲАР РӮЗУ СОАТ ДИЛРАБОТАР МЕГАРДАД. Симои пойтахт ба таври шинохтанашаванда дигаргун гаштааст
Дар Душанбе бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ доир шуд
СИВУ СЕ БАҲОРИ ОБОДОНИИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба шаҳри озоду зебо ва шукуфону дилрабо мубаддал гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир шуд
Имрӯз дар назди Театри давлатии академии опера ва балет 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана таҷлил гардид
Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба истиқболи 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба зиёда аз 12500 нафар кумакҳои пулию моддӣ расонида шуд