МО ВОРИСИ СИНОЕМ! Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони тиб таҷлил мегардад

Август 18, 2019 08:31

ДУШАНБЕ, 18.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони тиб таҷлил мегардад. Дар ин рӯз, 1039 сол муқаддам, яке аз фарзандони номвари тоҷик, олдим, файласуф ва табиби машҳури олам  Абӯалӣ Ибни Сино ба дунё омадааст.  Ва имрӯз табибони тоҷик бо ифтихор худро ворисони Сино меноманд.

Идомаи мавзуъ дар гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» Ибодат ДАВЛАТЗОДА.

Саломатии ҳар як инсон дар дасти худи ӯст, аммо ба ин нигоҳ накарда, хоҳ-нохоҳ борҳо ҳар яки мо  барои пешгирии ҳар гуна оризаҳо ва мустаҳкам кардани саломатии худ ба  мутахассиси соҳаи тиб муроҷиат менамоем. Табиб шахсе мебошад, ки дар ҳама ҳолат ба мо кумаки холисонаи худро мерасонад.

Бояд зикр намуд, ки кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои рушди соҳа ва сиҳатии мардум шабу рӯз заҳмат мекашанд. Аз ин рӯ  Парлумони ҷумҳурӣ соли 1995 Иди касбии табибонро ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид намуд ва он ҳамасола 18 август, дар зодрӯзи Ҳаким Абӯалӣ ибни Сино таҷлил мегардад.

Абӯалӣ ибни Сино бузургтарин симои олами тибби ҷаҳонӣ мебошад. Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-тои он омада расидаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фаро  гирифта, 150 адад ба илми фалсафа ва беш аз 60-тои он ба  илми пизишкӣ тааллуқ доранд.

Бузургтарин асари ў  «Ал-қонун-фӣ-тибб»  аз 5 қисм иборат буда, давоми ҳашт аср китоби рӯимизии табибони тамоми дунё ба шумор мерафт. Ин асари безавол 30 маротиба ба забони лотинӣ ва дигар забонҳои дунё тарҷума шудааст. Абӯалӣ ибни Сино дар ин асари машҳури худ он нуктаро меомӯзад, ки саломатии инсонро чӣ гуна бояд ҳифз ва бемориҳоро табобат кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  борҳо таъкид карда буданд, ки   «вориси Абӯалӣ ибни Сино будан танҳо доштани маълумоти олии тиббӣ ва пӯшидани хилъати сафед нест, балки идома додани афкору андеша ва маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқ мебошад».

Ба ин хотир,  ҳамасола субҳи 18 август   дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе дар пояи пайкараи аллома, Ҳакими Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино маросими гулгузорӣ доир мегардад. Табибон дар ин рӯз аз хизматҳои бузурги аллома дар самти тиб ёдовар шуда, фаъолияти ӯро шоистаи таҳсин мехонанд ва худро ворисони арзандаи ин нобиға мешуморанд..

Бояд зикр намуд, ки  давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша ба рушди соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва таъмини шароити моддиву маънавии кормандони тиб  таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт корҳои назаррас анҷом медиҳанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи тиб пеш рафта, муассисаҳои тиббӣ бо дастгоҳҳои муосири ташхисию табобатӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Имрӯзҳо як зумра амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ низ дар дохили мамлакат ба роҳ монда шуда, дигар ҳоҷати барои табобат ба хориҷа рафтан намондааст.

Бо иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин давра дар муассисаҳои тиббии мамлакат як зумра  амалиёти муосири ҷарроҳӣ, аз ҷумла бартарафнамоии нуқсонҳои вазнини модарзодии дил ва ҷарроҳиҳои мураккаби дилу рагҳо роҳандозӣ карда шудаанд.  Инчунин амалиёти пешқадами иваз намудани буғуми косу рон ва зону ба буғуми сунъӣ, усулҳои нави ҷарроҳӣ дар чашм, ҷарроҳиҳои ҷоғу рӯй, инчунин ҷарроҳиҳои батнӣ ва ҷарроҳиҳои асаб тавассути дастгоҳи эндовидеоӣ ба роҳ монда шудаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ  Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» ба фаъолият шурӯъ намуда, ҳоло  амалиёти пайвандсозии гурда, ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар ва пайванди мағзи устухон дар дохили ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки давоми соли равон   дар «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон»   ба зиёда аз 612 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва ба 41 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст.

Инчунин ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи мамлакат барои ташхис ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шуъбаи пайвандсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрўз ба 10 нафар бемор амалиёти пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шудааст.

То имрўз дар ҷумҳурӣ ба 118 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 29 нафар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, 37  нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 31 нафар аз давлати Исроил ва боқимонда аз ҷумҳуриҳои мухталиф – давлатҳои хориҷи дуру наздик мебошанд.

Бояд гуфт, ки  бо ҷалби сармутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ  пайваста «Корвони саломатӣ» ташкил ва ба шаҳрҳои Кўлобу Бохтари вилояти Хатлон, минтақаи Рашт ва ВМКБ сафарбар гардида, ба аҳолии ин минтақаҳо табобати ройгон расонида мешавад. Ҳамчунин дар баробари ташхису муоина ва тавсияҳои зарурӣ мутахассисон дар байни аҳолӣ суҳбату вохўриҳо баргузор менамоянд.

Имсол зимни таҷлили Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ҷамъомаду вохӯриҳо гузаронида шуда, мутахассисони соҳа бо мукофоту ифтихорномаҳо сарфароз гардонида  мешаванд.

Дар ҳама давру замон солимии ҷомеа —  солимии миллат, давлату минтақа ва дар умум сайёра дониста мешуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии аҳолии Тоҷикистонро боигарии асосии давлату миллат номидаанд.  Мо боварии комил дорем, ки соҳаи тибби мамлакати мо сол аз сол  тараққӣ ёфта, табибони мо   чун ворисони ҳақиқии Ҳаким Абӯалӣ Ибни  Сино  ба мардум хизмат хоҳанд намуд.

P.S. Роҳбарият ва ҳайати кормандони АМИТ «Ховар»  ҳамаи табибони Тоҷикистонро  бо иди касбиашон самимона табрик менамоянд ва дар иҷрои вазифаи басо пурмасъулият – ҳифзи саломатии аҳолӣ  барояшон муваффақият ва комгорӣ орзу менамоянд!

Август 18, 2019 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода