Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор мегардад

Ноябрь 13, 2019 08:25

ДУШАНБЕ, 13.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор мегардад.

Ҳамоиши мазкур ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он доираи васеи ҷавонони мамлакат, кормандони вазорату идораҳо, гирандагони стипендияи Президентӣ ва квотаҳои Президентӣ  иштирок менамоянд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  доир шуда, сипас баргузории барномаи ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки чеҳраҳои маъруфи санъати тоҷик дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз соли 2016 ҳамасола 16 ноябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.  Ин рӯз барои  дарку эҳсоси ҳувияти миллӣ, шинохту  эҳтироми рамзҳои  давлатӣ  ва дар заминаи чунин арзишҳо таъмин  намудани  идомаи  раванди пешрафти минбаъдаи истиқлолияти сиёсӣ заминаи боэътимод мегузорад.

Ноябрь 13, 2019 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» татбиқ мегардад
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ». Таҳти ин унвон ҳамоиши ҷавонон доир шуд
Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии «Пешгирӣ, ташхис, табобат ва вокуниш ба бемории обилаи маймун» амалӣ мегардад
Нақши воситаҳои ахбори омма дар татбиқи сиёсати ҳуқуқии мамлакат назаррас аст
Дар муассисаҳои олии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои ИДМ дарсҳои озод доир шуданд
Дар шаҳри Душанбе вазъи хизматрасонӣ ба модару кӯдак таҳлил гардид
Дар Душанбе ҷаласаи вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Бо татбиқи «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ доир шуд