СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд

Сентябрь 17, 2024 10:08

ДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моддаи 7-и Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак муқаррар менамояд, ки «кӯдак пас аз таваллуд фавран ба қайд гирифта мешавад» ва давлат-иштирокчӣ амалишавии ин ҳуқуқро тибқи қонунгузории миллӣ таъмин менамояд. Тибқи муқаррароти қонунгузорӣ, падар ё модаре, ки дар муҳлати муқаррарнамуда (3 моҳ) барои ба қайди давлатӣ гирифтани кӯдакаш ба мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ариза пешниҳод намекунад, бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Чунин изҳор медорад мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Нигинамо Баёнзода.

Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» асосҳои бақайдгирии давлатии таваллуд инҳоянд:

-ҳуҷҷати дорои шакли муқарраршуда оид ба таваллуд, ки аз тарафи муассисаи тиббии ҷойи таваллуд дода шудааст;

-ҳуҷҷати дорои шакли муқарраршуда оид ба таваллуд, ки аз тарафи табиб ва ё корманди миёнаи тиббии муассисаи тиббӣ, ки дар давраи таваллуд ба зан ёрии тиббӣ расонидааст ва ё модар баъд аз таваллуд ба ӯ муроҷиат намудааст, ё шахсе, ки ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғул аст, ҳангоми таваллуд берун аз муассисаи тиббӣ додааст;

-аризаи шахсе, ки ҳангоми берун аз муассисаи тиббӣ бе кумаки тиббӣ таваллуд ёфтани кӯдак бевосита иштирок намудааст;

-ҳуҷҷатҳо дар бораи ёфт шудан, синну сол ва ҷинси кӯдаки ёфтшуда (партофташуда), ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ, васояту парасторӣ ва ташкилоти тиббӣ дода шудаанд.

Тавре Нигинамо Баёнзода иттилоъ дод, тибқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар ҳолате, ки агар падару модар (яке аз онҳо) имконияти шахсан додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдакро надошта бошанд, ариза мумкин аст аз ҷониби хешовандони яке аз падару модар ё шахси аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) ваколатдоршуда пешниҳод гардад. Ариза дар бораи бақайдгирии давлатии таваллуд мумкин аст ҳамчунин аз ҷониби мақомоти васоят ва парасторӣ, шахси мансабдори муассисаи тиббӣ, ки кӯдак дар он ҷо таваллуд ёфтааст ё аз тарафи шахси мансабдори муассисаи дигаре, ки модар дар давраи таваллуд дар он ҷо буд ё кӯдаки таваллудшуда дар он ҷо қарор дошт, дода шавад. Дар баробари додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдак бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи далели таваллуди кӯдак, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти падару модар (яке аз онҳо) пешниҳод карда шавад.

«Агар ариза дар бораи бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак аз ҷониби шахсони сеюм пешниҳод карда шавад, дар ин вақт илова ба ҳуҷҷатҳои гуфташуда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколатҳои ӯ ва ҳуҷҷатҳое, ки барои ворид намудани маълумот дар бораи падару модар ба сабти асноди таваллуди кӯдак асос шуда метавонанд, пешниҳод карда мешаванд»,-иброз медорад ҳамсуҳбати мо.

Ариза дар бораи бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак бояд на дертар аз 3 моҳи баъди таваллуди кӯдак пешниҳод карда шавад. Вале навобаста ба ин ба андешаи ҳамсуҳбати мо, гузаронидани муҳлати муқарраргардида барои рад намудани бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос буда наметавонад.

Ворид намудани маълумот дар бораи падару модар ба сабти асноди таваллуди кӯдак низ яке аз талаботи меъёрӣ ба ҳисоб меравад, ки ба иттилои Нигинамо Баёнзода бояд чунин доир шавад:

-Ҷиҳати муҳими фаъолияти мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дуруст ворид намудани маълумот дар бораи падару модар дар сабти асноди таваллуди кӯдак ба шумор меравад. Дар мавриде, ки агар кӯдак аз ақди никоҳи ба таври расмӣ бақайдгирифта таваллуд шуда бошад, нисбат ба ҳамсароне, ки падару модари биологии кӯдак ба шумор мераванд, дар хусуси ворид намудани маълумоти дуруст ба асноди таваллуди кӯдак мушкилӣ пеш намеояд. Яъне, падар ва модари дар ақди никоҳи ҳамдигар қарордошта дар асоси аризаи яке аз онҳо ба сифати падару модари кӯдаки таваллудшуда навишта мешаванд. Дар чунин маврид маълумот дар бораи модари кӯдак тибқи асосҳои зерин ворид карда мешавад:

-маълумотномаи аз ҷониби муассисаи тиббӣ додашуда, ки кӯдак дар он ҷо таваллуд шудааст;

-маълумотномаи аз ҷониби духтур ё корманди миёнаи тиббӣ, муассисаи ҳангоми таваллуди кӯдак ёрии тиббӣ расонида (ё муассисае, ки ба он модар баъди таваллуд муроҷиат намудааст) додашуда;

-маълумотномаи аз ҷониби шахсони амаликунандаи фаъолияти тиббии хусусӣ додашуда — ҳангоми таваллуди кӯдак берун аз муассисаҳои тиббӣ;

-аризаи шахсоне, ки ҳангоми таваллуди кӯдак ҳузур доштанд — дар мавриди таваллуди кӯдак дар хона.

-Маълумот дар бораи падари кӯдак дар асоси шаҳодатномаи ақди никоҳи падару модар ворид карда мешавад.

Тавре Нигинамо Баёнзода изҳор медорад, дар ин ҳолатҳо:  агар  ақди никоҳи байни падару модари кӯдак бекор карда шудааст, аз тарафи суд беэътибор дониста шудааст, агар ҳамсар вафот карда бошад, вале аз рӯзи бекор намудани ақди никоҳ беэътибор донистани он ва ё аз рӯзи вафоти ҳамсар то рӯзи таваллуди кӯдак 300 рӯз (тақрибан 10 моҳ) нагузашта бошад, маълумот дар бораи модари кӯдак ба сабти асноди таваллуди кӯдак дар асоси ҳуҷҷатҳои дар боло гуфташуда дохил карда мешавад.

Бино ба андешаи ҳамсуҳбати мо, дар ҳолате, ки агар падару модари кӯдак дар ақди никоҳи ҳамдигар набошанд, насаби падари кӯдак бо насаби модар, ном ва номи падари кӯдак бо хоҳиши модар дар асоси аризаи хаттӣ сабт карда мешавад ва маълумоти дохилкарда барои ҳалли масъалаи муқаррар намудани падарӣ монеа шуда наметавонад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 17, 2024 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 45-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмонии ИДМ суханронӣ намуд
Ҳайати бонуфузи гурӯҳи Шурои директорони Бонки Осиёии Рушдро шоҳкории устоҳои чирадасти тоҷик ба ҳайрат овард
ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷамъомади идона доир шуд
«ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ». Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Донишкадаи инноватсионии Душанбе Рӯзи забони давлатӣ таҷлил шуд
4 ОКТЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҲАЙВОНОТ. Ба Китоби сурхи Тоҷикистон 222 намуди ҳайвонот дохил карда шудаанд
Ба гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи забони давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи омор иштирок доранд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера эҳтимол дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Бинои маъмурии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак навсозӣ гардид