Дар Душанбе ҷаласаи вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид

Сентябрь 17, 2024 14:54

ДУШАНБЕ, 17.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 9-уми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар нишаст роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ваколатдори соҳаи идораи хатари офатҳои табиӣ аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Эрон ва Покистон иштирок намуданд.

Муовини котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Силапбердӣ Нурбердиев зимни ҷаласа иброз дошт, ки ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода, хусусан офати табиӣ имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон вуҷуд дорад. Аз ин рӯ зарур аст барномаҳое рӯйи кор гирифта шаванд, ки ба пешгирӣ ва коҳиш додани хатари офати табиӣ мусоидат намоянд.

«Мақсад аз ҷамъ омадани мо — ин густариш додани ҳамкорӣ дар самти коҳиш додани хатари офати табиӣ дар давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошад», — афзуд Силапбердӣ Нурбердиев.

Иштирокчиён масъалаҳои марбут ба татбиқи «Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар солҳои 2015-2030», «Барномаи чаҳорчӯбаи минтақавии ЭКО оид ба паст намудани хатари офати табиӣ барои солҳои 2021-2025» ва роҳҳои ҳалли амалии зиёд кардани маблағгузорӣ барои коҳиши хатари офатҳои табииро мавриди баррасӣ қарор доданд.


Инчунин дар мавриди мушкилоти муштараки давлатҳо, ки роҳи баромад ба баҳру уқёнус надоранд, табодули назар карда шуд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода иброз дошт, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо дастгирии Ҳукумати Ҷумиҳурии Тоҷикистон барои густариш додани ҳамкории бисёрҷонибаи байналмилаӣ дар самти коҳиш додани ҳолатҳои фавқулода тадбирҳои судманд меандешад.

«Баргузории чунин ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ дар давлати мо нишони он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаронидани корҳои пешгирикунанда ва паст намудани хавфи офатҳои табиӣ на танҳо дар ҳудуди мамлакат, балки берун аз он низ бетараф нест», — гуфт Рустам Назарзода.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки иштироки доираи васеи ҷонибҳои манфиатдор ба рушди муколамаи созанда, табодули иттилоот ва таҷриба барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ мусоидат мекунад.

Дар ҷамъбасти ҷаласа Эъломияи Душанбе қабул гардид.

Ёдовар мешавем, ки 16 сентябр дар доираи баргузории ҷаласаи 9-уми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ҷониби Тоҷикистон бо якчанд намояндаи аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯриҳо оид ба пешгирии офатҳои табиӣ, ташкили даврҳои такмили ихтисос, тайёрӣ ва бозомӯзии кадрҳо ва баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ибрози назар карда шуд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 17, 2024 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 45-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмонии ИДМ суханронӣ намуд
Ҳайати бонуфузи гурӯҳи Шурои директорони Бонки Осиёии Рушдро шоҳкории устоҳои чирадасти тоҷик ба ҳайрат овард
ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷамъомади идона доир шуд
«ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ». Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Донишкадаи инноватсионии Душанбе Рӯзи забони давлатӣ таҷлил шуд
4 ОКТЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҲАЙВОНОТ. Ба Китоби сурхи Тоҷикистон 222 намуди ҳайвонот дохил карда шудаанд
Ба гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи забони давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи омор иштирок доранд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера эҳтимол дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Бинои маъмурии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак навсозӣ гардид