Таҳти раёсати Қоҳир Расулзода ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм доир гардид

Декабрь 6, 2019 15:39

ДУШАНБЕ, 06.12.2019/ АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҷараёни татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории 5500-солагии Саразми бостонӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон-«Мамнуъгоҳи таърихиву бостонии Саразм» эълон гардидааст.

Дар доираи сиёсати муваффақонаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2010 ин ёдгории нодир аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид карда шуд.

Дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот, аз ҷумла Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки барои таҳияи барномаи фарҳангии ҷашни 5500-солагии Саразм тадбирҳои зарурӣ андешида, фаъолиятро дар ин самт тақвият бахшад.

Бояд гуфт, ки ҷашни 5500-солагии Саразм соли 2020 таҷлил карда мешавад.

Декабрь 6, 2019 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода