Дар Суғд Озмуни «Тоҷикистон — минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» эълон гардид

Март 3, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 03.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон — минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» — таҳти чунин унвон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва  муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳӣ дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд озмуни мақолаи беҳтарин гузаронида мешавад. Ғолибони озмун бо диплом ва мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 2500 сомонӣ, 2000 сомонӣ, 1000 сомонӣ ва 500 сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилоят иттилоъ медиҳад.

Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур мусоидат ба рушди сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат, хусусан мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон, кӯҳҳои сарбафалаккашида, рӯду чашмаҳои мусаффо, олами набототу  ҳайвонот ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии  мамлакат дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Дар асоси низомномаи озмун хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ эҷод ва пешниҳоди ҳайати ҳакамон намоянд. Ҳангоми таҳияи мақолаҳо меъёрҳои нигориши мақолоти илмӣ бояд риоя карда шуда, маводи пешниҳодшаванда нашр нагардида бошад.

Ҳамзамон ба хотири муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳӣ дар байни ҳунармандон оид ба истеҳсоли маҳсулоти армуғонии беҳтарин барои сайёҳон озмуни вилоятӣ гузаронида мешавад.

Дар озмуни мазкур иштирокчиён метавонанд маҳсулоти армуғонии худро барои ширкат дар озмун бо ишораи «Ба озмун» пешниҳод намоянд. Барои ғолибон ҷойҳои ифтихорӣ аз 3000 сомонӣ, 2500 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва 1000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегарданд.

Муҳлати қабули мавод ба ин озмунҳо то 1 ноябри соли 2020 муқаррар гардидааст.

Март 3, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ Созишнома ба имзо расид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Имсол ба вилояти Хатлон беш аз ним миллион сайёҳ ворид гардидааст
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид