«Ташаббуси сохти Тоҷикистон – сайёҳӣ»-таҳти ин унвон ҳамоиши виртуалӣ доир гардид

Апрель 14, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 14.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  таҳти унвони «Ташаббуси сохти Тоҷикистон – сайёҳӣ» /Made in Tajikistan Initiative – Tourism/ бо истифода аз шабакаи интернет ҳамоиши виртуалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, бахши хусусӣ, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, коршиносони соҳа, мушовирону аъзои Палатаи савдои Тоҷикистон ва Британияи Кабир ва Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Лондон ширкат намуданд. Иштирокдорони  ҳамоиши виртуалӣ масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ ва муайян намудани самтҳои фаъолияти Палатаи савдо ва Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Лондон ҷиҳати рушди соҳаҳои афзалиятнок, бахусус сайёҳиро баррасӣ намуданд.

Ҳамоиш бо мақсади татбиқи платформаи нав- «Ташаббуси сохти Тоҷикистон-сайёҳӣ» /Made in Tajikistan Initiative -Tourism/, ки аз ҷониби Сафорат, Палатаи савдо ва Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Британияи Кабир роҳандозӣ шудааст, доир  гардид. Дар оянда платформаи мазкур тасмим гирифтааст, ки дар дигар соҳаҳо бо интихоби  мавзӯъҳои муҳим  ва ҷолиб фаъолияти худро таҳким бахшад.

Апрель 14, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ Созишнома ба имзо расид
Имсол ба вилояти Хатлон беш аз ним миллион сайёҳ ворид гардидааст
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ беш аз 5 ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ ворид шудаанд
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Суғд беш аз 242 ҳазор меҳмони хориҷӣ ворид шудааст
РУШДИ САЙЁҲӢ. Табиати дилфиреби Хатлонзаминро беш аз 400 ҳазор нафар сайёҳон тамошо намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ба фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» оғоз бахшиданд