26 апрел бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон оғоз мегарданд

Апрель 22, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 22.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 26 апрели соли равон дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои  даври  дуюми  Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои бонувон баргузор мегарданд. Дар даври дуюм дастаҳои  футболи «Хатлон»-и Бохтар  бо  «Барқ»-и Норак, «Зебо»-и  Дӯстӣ  бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Чашма»-и Шаҳритус бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода,   «Ҳосилот»-и ноҳияи  Фархор  бо «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ ва «Зебонисо»-и Душанбе бо «Бешкент»-и Носири Хусрав байни ҳам рақобат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки даври аввали  Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои бонувон 19 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат  оғоз гардида буд, ки дар он 10 даста иштирок доранд.  Дар бозии марказии даври аввал муддаиёни медалҳои тилло — дастаи  футболи  «Зебонисо»-и Душанбе ва «Хатлон»-и Бохтар бо ҳам вохӯрданд. Бозӣ байни  ин дастаҳо  бошиддат сурат гирифта, бо пирӯзии  дастаи  «Хатлон»-и Бохтар   бо ҳисоби 1:0  анҷом ёфт. Дар ин  сабқати ҷолиб голи ягонаро Муҳайминаи Гулаҳмад ба нишон расонид.

Ҳамчунин  дастаҳои футболи «Зебо»-и Дӯстӣ  бар  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Барқ»-и Норак  бар дастаи  «Равшан»- и  Кӯлоб  бо ҳисоби  якхелаи  1:0  ғолиб омаданд.

Дар даври аввал футболбоздухтарони  дастаи  «Чашма»-и Шаҳритус  дастаи  «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхиро бо ҳисоби калони 6:1 шикаст доданд. Дастаи  «Бешкент»-и Носири Хусрав  ба дарвозаи «Ҳосилот»-и ноҳияи  Фархор  2 голи беҷавоб зад.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон дар ду марҳила баргузор шуда, дастаҳо дар хона ва меҳмонӣ рақобат мекунанд. Ҳамаи дастаҳо 18 бозӣ анҷом медиҳанд. Ҳамаи ин бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни  бонувон бе иштироки тамошобинон дар  варзишгоҳҳои мамлакат гузаронида мешаванд. Мухлисони футболи тоҷик метавонанд ин вохӯриҳоро тариқи  телевизионҳои  ватании   «Варзиш» ва «Футбол»  тамошо карда, ҳаловат баранд.

Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон
Натиҷаҳои даври аввал
«Зебонисо» – «Хатлон» – 0:1
«Бешкент» – «Ҳосилот» – 2:0
«Панҷшер» – «Чашма» – 1:6
«Регар-ТадАЗ» – «Зебо» – 0:1
«Равшан» – «Барқ» – 0:1

12 ноябри соли 2019  дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолиби Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои бонувон баргузор гардида буд. Дар он  дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар ҷараёни чемпионати соли гузашта маҳорати баланд нишон дод. Дар натиҷа дар 16 бозӣ ғалаба карда, як бозиро мусовию як бозиро бо бохт анҷом дода, бо 49 имтиёз дар мавқеи аввали ҷадвали мусобиқа қарор гирифт. Дар он  рӯз ба футболбоздухтарони даста медалҳои тилло ва Ҷоми чемпионат тақдим гардиданд.

Зинаҳои дуюм ва сеюмро дар мавсими соли гузашта дастаҳои футболи  «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ ва «Зебоннисо»-и шаҳри Душанбе ишғол намуда буданд.

Дар мусобиқаи соли гузашта  дарвозабони беҳтарин Меҳрона Файзуллоева аз дастаи «Хатлон», нишонзани беҳтарин Меҳрангез Шарипова аз дастаи «Хатлон», бозингари беҳтарин Некубахт Худододова аз дастаи «Зебоннисо» ва мураббии беҳтарин Ашӯр Гадоев аз дастаи футболи  «Хатлон» дониста шуданд. Аз тарафи Ташкилоти қарзии «Фурӯз» ба ғолибони лигаи бонувон туҳфаҳо супорида шуданд.

Апрель 22, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд