COVID-19. Имрӯз дар заминаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе беморхонаи муваққатӣ барои 500 ҷой ба табобати беморон шуруъ мекунад

Май 8, 2020 12:27

ДУШАНБЕ, 08.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз дар заминаи бинои навсохти Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ беморхонаи муваққатӣ барои табобати беморони гирифтори коронавирус бо 500 ҷой барои беморон ва 150 ҷой барои табибон мавриди истифода қарор дода мешавад.

Субҳи имрӯз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳолати беморхона ва шароити он дидан намуданд.

Тавре каблан  хабар дода будем, бо назардошти вазъияти баамаломада Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Раёсати тандурустӣ ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрдориро вазифадор намуданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ҳисоби имконияту захираҳои мавҷуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба таври иловагӣ беморхонаҳои муваққатии табобатиро бо беш аз 3000 (се  ҳазор) кати хоб ҷиҳати муолиҷаи беморони гирифтори вируси сироятии короновирус — COVID-19 бо муҳайё кардани тамоми шароити муосири замонавӣ, бахусус мутахассисони баландихтисоси соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва таъминоти дорувории баландсифат барои истифода омода намоянд.

ДАР АКС: сардухтури Беморхонаи муваққатӣ Тӯрахон Шарифзода

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати зиддиэпидемиологӣ  ва тадбирҳои пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус (CОVID-19) таҳти назорати доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус    қарор дорад.

Аз ин рӯ, дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз аҳолии мамлакат хоҳиш карда мешавад, ки ба таҳлука наафтанд ва қоидаҳои  шахсии беҳдоштиро  пайваста риоя намоянд.

ДАР АКСҲО: шароит дар Беморхонаи муваққатӣ

P.S. Қоидаҳои беҳдоштии шахсиро, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия додааст, дар саҳифаи аввали сомонаи АМИТ «Ховар» бо забонҳои тоҷикию русӣ мутолиа кунед.

Май 8, 2020 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе сохтмонҳои ғайриқонунӣ, ошхона ва фурӯшгоҳҳои сарироҳӣ бартараф карда мешаванд
«ИСТИҚЛОЛ». Ин маҷмааи меъморӣ рамзи соҳибистиқлолӣ ва озодии Тоҷикистон мебошад
Тақвияти минбаъдаи робитаҳо байни шаҳрҳои Душанбе ва Вена баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Шоҳмансур Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил карда шуд
Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд
Рустами Эмомалӣ бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе идома дорад
ДУШАНБЕ — «ШАҲРИ САБЗ». Дар пойтахт беш аз 10 миллион дона гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонида шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба масъулин чиҳати бунёди Мактаби барномасозӣ дар пойтахт дастур доданд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 5 миллион адад гули лола шинонида шуд
Рустами Эмомалӣ пешниҳод намуданд, ки гӯштингирӣ ба Бозиҳои Осиё ва Бозиҳои олимпӣ ворид карда шавад
Рустами Эмомалӣ бо Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдон мулоқот анҷом доданд