COVID-19. Мутахассисони соҳаи тандурустии Ӯзбекистон бо ҳамтоёни тоҷикашон машғулиятҳои омӯзишӣ мегузаронанд

Май 15, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 15.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  8 нафар мутахассисони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки барои ташхису табобати беморони  COVID-19 ба Тоҷикистон омада буданд, ба мутахассисони  тоҷик  вобаста ба тарзи дуруст пӯшидани либоси  тиббии муҳофизатӣ, роҳҳои  пешгирӣ ва табобати беморони гирифтори коронавирус машғулияти омӯзишӣ доир намуданд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни машғулияти омӯзишӣ ҳамзамон паҳлӯҳои гуногуни  истифода ва пӯшидани либоси тиббӣ ба кормандони марказҳои тандурустӣ омӯзонида шуд.

Зикр шуд, ки дуруст пӯшидани либоси муҳофизатӣ барои табибон  аз масъалахои асосӣ ба ҳисоб рафта, ин метавонад гирифторшавӣ ба COVID-19-ро  пешгирӣ кунад.

Имрӯзҳо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ӯзбек машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида, ҷиҳати пешгирӣ ва табобати COVID-19  фаъолият намуда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки 8 май бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев 8 нафар мутахассисони ӯзбекистонӣ, бо шумули пулманолог, реаниматолог, эпидемиолог, вирусолог ва ҳамшираи тиб бо мақсади мусоидат намудан  ба ҳамтоёни  тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати  беморони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд.

Ҳадаф аз ташрифи табибони ӯзбекистонӣ додани тавсияҳо аз таҷрибаи  хеш ба ҳамтоёни тоҷики худ ва муолиҷаи нафарони гирифтори сирояти коронавирус мебошад.

Май 15, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода