ДАР ҶАВОБ БА ДАЪВАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Кумакҳои соҳибкорони тоҷик аз Федератсияи Россия ба шаҳри Ҳисор расиданд

Май 16, 2020 11:57

ДУШАНБЕ, 16.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави суханрониҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳсонкорӣ ин шабу рӯз соҳибкорон  ба  амалҳои неку хайр  даст мезананд. Бародарон Давронҷон, Баҳромҷон, Убайдулло, Рустамҷон, Шамсулло ва Суҳробшо Сатторовҳо, ки ҳамчун соҳибкорони муваффақ дар Федератсияи Россия шинохта шудаанд, пайваста  дар  ободонии роҳҳои минтақаҳои гуногуни шаҳри Ҳисор, дастгирии мактаб-интернатҳо, баровардани оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои дурдасти ин шаҳр ва даҳҳо корҳои дигари хайру савоб саҳм мегузоранд.

Тавре хабарнигори  АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ иттилоъ медиҳад, аз ҷониби бародарони соҳибкори оилаи Сатторовҳо, ки имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни Федератсияи Россия фаъолияти босамар доранд, ин навбат барои Маркази саломатии деҳоти Дучинораи шаҳри Ҳисор ва кормандони Муассисаи давлатии ободонии шаҳр кумаки моддӣ расонида шуд. Дар доираи ин кумакҳо барои 330 нафар маводи мавриди ниёзи аввал, аз қабили 16500 кг орд, 1650 кг биринҷ, 1650 литр равған, 1650 кг шакар, 1650 кг макарон, 3300 дона собун ва 3000 дона ниқоби тиббӣ дастрас карда шуд, ки лоиқи дастгирӣ мебошад.

Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» бародарон Баҳромҷон ва Давронҷон Сатторовҳо, ки ҳамзамон дуюмӣ муовини Раиси Ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Иркутск бо номи «Ҳамватанон»  мебошад, аз таъкидҳои падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон иброз доштанд, ёдовар шуда, бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ чунин  изҳор намуданд: «Вақте Президенти мамлакат дар тамоми суханрониҳо доир ба анҷоми амалҳои хайру савоб, дасти кумак дароз намудан ба ниёзмандон, махсусан ба беморону барҷомандагон ва ятимону маъюбон ёдовар мешаванду дар ҳама ҳолат паҳлуи ҳамватанон буданро муҳимтарин оини ватандорӣ меҳисобанд, мо, соҳибкорон бештар масъулият ҳис мекунем. Ҳамин аст, ки талошу кӯшиш менамоем, то ақаллан бо як амали хайр ва ё гирифтани дасти фитодае, агарчӣ дар дуриҳо аз Ватан қарор дошта бошем ҳам, саҳми худро гузорем».

«Ману бародаронам аз хурдӣ ятим мондем ва бе падар дар тарбияи модарамон Хосиятбону Азизова (рӯҳаш шод бод) бузург шудем. Аз ин рӯ хуб медонам, ки кӯдакони ятим ба чӣ ниёз доранд ва қалби кӯчакашон чӣ мехоҳад. Барои ҳамин ҳар вақте навозишҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба ин гуна тифлон мебинам, беихтиёр ашк шодӣ мерезам, зеро медонам ки дигар ин тифлон бо чунин ғамхориҳои самимӣ ятим нестанду ниёзҳояшон бароварда мешавад. Ба ҳамин хотир мо, бародарон мехоҳем як зарра ҳам бошад, саҳми худро барои пешрафту ободонии Ватан гузорему бо кумакҳои моддӣ ятимону маъюбонро дар партави иқдомҳои неки Сарвари давлат ба қадри имкон дастгирӣ намоем»,- мегӯяд соҳибкор Давронҷон Сатторов.

Бародарони соҳибкори оилаи Сатторовҳо бо чунин амалҳои неку хайрашон мехоҳанд дар ин рӯзҳои хеле вазнини хуруҷи бемории сироятии коронавирус паҳлӯи ҳамватанон бошанд ва кумаки худро дареғ надоранд. Онҳо низ дар баробари дигар соҳибкорони тоҷик, дар мисоли оилаи Бобоҷоновҳо ва Шоевҳо, ки ҳар кадоме ба беморхонаҳо ё марказҳои саломатӣ, духтурону оилаҳои онҳо, беморон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҳам дохили мамлакат ва ҳам минтақаҳои  Федератсияи Россия  дасти ёрӣ дароз мекунанд, мехоҳанд кумак расонида,  ҳамватанонро мутмаин созанд, ки дар як муддати кӯтоҳ мардуми бошарафи Тоҷикистон аз чанги ин бемории сироятӣ раҳо мешаванду тамоми мушкилиҳо пушти сар мегарданд.

Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст.

Май 16, 2020 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода