НИҚОБ БО ОБИ НУҚРА. Дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент ба истеҳсоли он шурӯъ карданд

Май 19, 2020 12:00

ДУШАНБЕ, 19.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент  дар ҳамкорӣ бо муассисаи «Маърифатпарвар» ба истеҳсоли ниқобҳои яккарата ва бисёркаратаи тиббӣ  оғоз намуд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ноиби ректор оид ба таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ Фирдавс Наҷмиддинов иттилоъ дод, дар ниқобҳои мазкур оби нуқра истифода шуда, он бо тавсияи Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ роҳандозӣ карда шудааст.

Ҳоло барои истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ 30 нафар донишҷӯён, муаллимон ва дӯзандаҳои маҳаллӣ ҷалб шуда, дар як шабонарӯз 10 ҳазор адад ниқоб истеҳсол менамоянд. Ниқобҳои омодашуда ба кормандони  Донишкада, Ҳукумат ва сохторҳои қудратии шаҳри Панҷакент ройгон тақсим шуда, боқимонда дар дорухонаҳои шаҳр бо нархи дастрас ба фурӯш бароварда шудаанд.

«Айни ҳол 50 ҳазор ниқоб омода буда, дар коргоҳ асосан ду навъи ниқобҳои тиббӣ: яккарата ва бисёркарата бо изофаи маҳлули нуқра омода мешаванд. Дар оянда нақша дорем, ки  шумораи кормандонро дар ин самт зиёд кунем»,-  гуфт Фирдавс Наҷмиддинов.

Ба зикри номбурда, ниқоби тиббии аз оби нуқра омодашуда давоми 24 соат одамро аз бемориҳои тавассути роҳҳои нафас сироятшаванда эмин нигоҳ медорад. Инчунин ҳангоми шустан ва дарзмол намудани ниқоб нуқра қобилияти муҳофизатии худро гум намекунад.

Технологияи мазкур таҳти роҳбарии Президенти Академияи миллии илмҳои мамлакат Фарҳод Раҳимӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, баъд аз тавсия додан  истеҳсоли ниқобҳо роҳандозӣ шудааст.

Май 19, 2020 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми Trans-Caspian 2026 имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар самти энергетикаи барқароршаванда тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон ва БОР лоиҳаи идоракунии обанбори «Баҳри Тоҷик»-ро баррасӣ намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд
Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор нақшаи истеҳсоли пилларо сад фоиз иҷро намуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ бо Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ баррасӣ гардид
Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Душанбе конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор шуд