Соли 2023 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 338 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд

Июль 5, 2023 16:08

ДУШАНБЕ, 05.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 338 нафар бо дипломи аъло ва интизоми намунавӣ хатм намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 39 нафар зиёд мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба ин муносибат 5 июл дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳои аъло баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода таъкид намуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар омода намудани мутахассисон барои соҳаи гуногуни иқтисоди мамлакат саҳми арзанда дорад.

«Умед дорем, ки шогирдони мо дар оянда тамоми донишу маҳорати худро баҳри ободиву шукуфоии Ватани азизамон дареғ намедоранд» – изҳор дошт Ректори донишгоҳ.

Дар идомаи чорабинӣ хатмкунандагони факултетҳои тиббию фарматсевтӣ чун анъанаи неки соҳаи тиб савганди садоқат ёд намуданд.

Таҳти мусиқии рамзӣ намунаи дипломи аъло ба саҳна ворид гардид ва Ректори донишгоҳ ба хатмкунандагон димломҳои сурхро супорид.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 299 нафар бо дипломи аъло хатм намуда буданд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Июль 5, 2023 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хатлон дар назди муассисаи таълимӣ бинои иловагӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар озмуни маҳорату маллакаи касбӣ дар Чин соҳиби медали нуқра шуданд
Дар деҳаи Лолазори ноҳияи Деваштич муассисаи томактабӣ сохта мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
То 3 апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома меёбад
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ иштирок намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи Янтайи Чин густариш меёбад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи таҳсилоти томактабии Баҳорро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дуруст интихоб намудани касб чӣ бояд кард?
Вобаста ба нақши маорифи шаҳри Душанбе дар баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
164 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе дар Озмоиши низоми арзёбии байналмилалии PISA иштирок менамояд
Соли 2025 Маркази миллии тестӣ дар 60 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил менамояд