35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Кӯлоб бинои нави таълимӣ бунёд карда мешавад

Март 12, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 12.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон  сохтмони бинои нави таълимии Мактаб-интернати ёрирасони №1   барои   хонандагони ятими кулл ва бепарастор идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино   дар доираи татбиқи сиёсати ятимпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   бо ибтикори академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Улмас Мирсаидов  ва   дастгирии молиявии соҳибкорони ватанӣ амалӣ гардида, тибқи нақша,   дар оғози соли 2026 мавриди истифода қарор дода  мешавад.

Бинои нави таълимии Мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб аз се ошёна иборат буда, барои 102 хонанда, ки бо амри тақдир ятим ва бепарастор мондаанд,   бунёд мегардад.  Тамоми синфхонаҳои таълимӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасони  ин муассисаи таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ва аёнияти хониш таъмин карда мешаванд.

Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб,   бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр таъмиру бунёди 494 иншоот ба нақша гирифта шудааст.  Аз шумораи иншооти нақшавӣ то аввали соли равон 206 иншоот мавриди истифода қарор гирифт, ки 41,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар айни замон дар 165 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 12, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен бинои нави муассисаи таълимӣ бунёд мешавад
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳои саноатӣ вусъат меёбад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газоблок бунёд мешавад
Рустами Эмомалӣ бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи заргарии ҶДММ Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чинро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои маъмурии шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии маркази шаҳрии «Ёрии таъҷилии тиббӣ»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Гардӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ ва Балҷувон иншооти таъйиноти гуногунро ба истифода дод
Дар шаҳри Ҳисор Маркази забономӯзии «FARDO SCHOOL» ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Ванҷ сохтмони чор муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон меҳмонхонаи «Хуҷанд» навсозӣ мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Роҳҳои маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд мумфарш карда мешаванд