Амороти Муттаҳидаи Араб имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ истиқбол менамояд

Март 15, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 15.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Амороти Муттаҳидаи Араб аз тавофуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавриди таъйини марз байни ду давлат  истиқбол карда, пуштибонии худро аз саъю талошҳо баҳри таъмини сулҳу шукуфоӣ таъйид менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд.

Вазорати корҳои хориҷӣ Амороти Муттаҳидаи Араб дар баёнияи худ изҳори умедворӣ намудааст, ки ин иқдом ба таҳкими пойдорӣ, ҳамкории созанда, инчунин рушд ва сулҳу субот дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ба манфиати ду мамлакати дӯст ва мардумони онҳо мусоидат намуда, барои манофеи муштарак хидмат хоҳад кард.

Ҳамчунин, Вазорат таъкид менамояд, ки Амороти Муттаҳидаи Араб бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон робитаҳои мустаҳкам дошта, аз талошҳои онҳо бобатимусоидат дар таъмини сулҳ, пешрафт ва субот дар минтақа пуштибонӣ хоҳад кард. Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамзамон ба аҳаммияти музокироти мусолиматомез ҳамчун роҳи ягона барои ҳалли низоъҳо таъкид намудааст.

Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 15, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Корея мулоқот намуд
Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Душанбе дурнамои рушди муносиботи судманди Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Намоишгоҳи байналмилалии EXPO-2025 гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо ёвари Дабири кулли СММ оид ба корҳои ҷавонон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 71-уми Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Дар Москва фестивали дӯстии халқҳо «Кишвари ман» баргузор гардид
Дар шаҳри Алмато вохӯрии ҳаштуми вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ – Русия» баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи шоҳзода Султон Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Чин» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кумитаи олимпии Кувайт мулоқот намуд