Ба Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Гулистон техникаҳои нав супорида шуд

Март 25, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 25.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Гулистон бо ду нақлиёти муосири партовкашон ва се электромотороллер таъмин гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дастрас гардидани техникаҳои нав ба беҳтар шудани хизматрасониҳои коммуналӣ дар шаҳр мусоидат хоҳад намуд.

Зимни супоридани техника ва воситаҳои нақлиётӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз саҳми арзандаи кормандони Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр дар тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо ва ҷамъоварии саривақтии партовҳо ёдовар шуда, ба кормандон туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим намуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 25, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борон меборад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, шанбе, 109-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар ноҳияи Лахш вобаста ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо ҷавонони фаъол вохӯрӣ баргузор гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон бо оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод мулоқот намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар шаҳри Бохтар доир ба натиҷаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар қисмҳои ҳарбии ноҳияи Лахш бо афсарону сарбозон вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон то 10 дараҷа паст шудани ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Смартфонҳо VS телефонҳои тугмачадор: «Имконоти рақамӣ» ғолиб меоянд!
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Деворҳои ҳимоявӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ҳалокати нафарони зиёдро пешгирӣ намудаанд
Дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Лахш ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид