Ба ифтихори Рӯзи Модар дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷамъомади идона доир шуд

Март 6, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 06.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тамоми бузургони олам дар домони поки модар ва бо меҳрубонию навозишҳои дасти модарон ба камол расидаанд. Чунин гуфта шуд дар ҷамъомади тантанавии идона таҳти унвони «Модар – ахтари тобони ҳаёт», ки бахшида ба Рӯзи Модар дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд.

Раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ зимни суханронӣ аз нақш ва мақоми Зан-Модар дар тарбия, пешрафти ҷомеа, рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла соҳаи роҳи оҳан мамлакат, баҳору зубоӣ ва озодию ваҳдат ёдовар шуд.

Иброз гардид, ки бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати Зан-Модари тоҷик дар ҷомеа баланд гардид.

Бо назардошти он ки занону духтарон дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ нақши бисёр арзишманду муассир доранд, давлат ва Ҳукумати мамлакат масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст.


Маҳз бо шарофати тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати мамлакат чандин санаду қарорҳои муҳиму саривақтӣ қабул гардиданд, ки бозгӯи ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба занону духтарон дар Тоҷикистон мебошад.

Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар қатори мардон занону духтарон зиёд дар бахшҳои гуногун фаъолияти пурсамар доранд. Роҳбарият ва масъулини корхона барои баланд бардоштани мақоми занон дар корхона ва вазъи иҷтимоии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида, нисбат ба онҳо ғамхорӣ зоҳир менамоянд.

Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» занону духтаронро бо Рӯзи Модар табрик намуда, ба онҳо гулу туҳфаҳо тақдим намуданд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Март 6, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Модари ҷоизадори бозиҳои олимпӣ Темур Раҳимов: «Модарон барои тарбияи фарзандони хубу номбардори миллат заҳмати сангинро паси сар менамоянд»
Дар Тоҷикистон 71 фоизи кормандони соҳаи тибро занон ташкил медиҳанд
Президенти Тоҷикистон: «13 ҳазор нафар духтарони тоҷик дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд»
Шаъмигули Карим: «Ронанда шудан орзуи даврони кӯдакиам буд»
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оид ба нақши Модар ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар ноҳияи Муъминобод Рӯзи Модар хотирмон таҷлил гардид
Зан – Модар сарчашмаи ҷовидонаи ҳаёт ва нуру зиёи зиндагӣ аст
Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст
Дар таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон зан-метеорологҳо нақши муассир доранд
Рӯзи Модарро дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ба таври тантанавӣ таҷлил намуданд
«МОДАР ВАТАН АСТУ ХУД ВАТАН МОДАРИ МОСТ!». Зан-Модар дар фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад
Барои кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ барномаи идонаи бошукуҳ доир гардид