Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир шуд

Март 21, 2025 17:00

БОХТАР, 21.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 21 март- Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо — асоси таъмини об, озуқаворӣ, энергетика ва амнияти экологӣ» конфронси илмӣ — амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Дар саҳни донишгоҳ намоиши ҷашнӣ ба ифтихори Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025, ҳамчун Рӯзи байналмилалии пиряхҳо қабул шудани 21 март ва ҳамзамон бо мақсади муаррифии шоистаи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо доир гардид.

Дар намоиш дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар, беҳтарин намунаҳои осори санъати тасвирӣ, ки аз ҷониби хонандагон офарида шудаанд ва дар онҳо обҳои мусаффо, кӯҳҳои осмонбӯс, дарёву чашмасорон, пиряхҳо ва дигар зебоиҳои диёр тасвир гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Дар ҳамоиш доир ба аҳамияти ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ибрози назар карда шуд. Гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои ниҳоят манфӣ оварда расонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим шинохта шудааст. Қабул гардидани Соли байналмилалии «Оби тоза, соли 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» далели бебаҳси ташаббускории ҷумҳурии мо мебошанд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Март 21, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конфронси байналмилалии таҳти унвони «Саҳми Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва дипломатияи сабз» баргузор гардид
Дар Намоишгоҳи байналмилалии EXPO-2025 гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Доир ба илми пиряхшиносӣ дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Дар Вена ҷашни муштараки кишварҳои минтақаи Наврӯз доир карда шуд
Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо иштироки коршиносони байналмилалӣ ҳамоиши омӯзишӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе доир ба ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши омӯзишӣ оғоз гардид
Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо озмуни рассомӣ доир мешавад
Дар шаҳри Душанбе доир ба ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши омӯзишӣ баргузор мешавад
Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо китоб ба нашр расид
Баҳодур Шерализода дар Самарқанд доир ба омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо маълумот дод
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд