Котиботи генералии Созмони ҳамкории исломӣ Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо ин дастоварди таърихӣ табрик гуфт

Март 16, 2025 21:00

ДУШАНБЕ, 16.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Котиботи генералии Созмони ҳамкории исломӣ 13 марти соли 2025 дар шаҳри Бишкек баимзорасии шартномаро оид ба демаркатсияи сарҳад байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонсамимона истиқбол кард», — хабар доданд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусайн Иброҳим Тоҳо ҳарду мамлакатро бо ин дастоварди таърихӣ табрик гуфт, ки саҳифаи ихтилофоти чандинсолаи байни онҳоро мебандад, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамоҳангии байни онҳоро барқарор мекунад, эътимоди тарафайнро тақвият медиҳад ва ба ҳамкорӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягии ду кишвари бародар такони нав мебахшад», — гуфт шудааст дар изҳорот.

Дар изҳорот инчунин  таъкид гардидаачт, ки «баназардошти азми Созмони ҳамкории исломӣ барои таҳкими робитаҳои бародарӣ ва ҳамоҳангӣ байни давлатҳои аъзои он, Дабири кулл умедвор аст, ки ин дастоварди таърихӣ дар хидмат ба манфиатҳои ду мамлакат саҳм мегузорад ва асосҳои сулҳи байни онҳо ва минтақаро дар маҷмӯъ мустаҳкам мекунад».

Март 16, 2025 21:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Корея мулоқот намуд
Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Душанбе дурнамои рушди муносиботи судманди Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Намоишгоҳи байналмилалии EXPO-2025 гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо ёвари Дабири кулли СММ оид ба корҳои ҷавонон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 71-уми Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Дар Москва фестивали дӯстии халқҳо «Кишвари ман» баргузор гардид
Дар шаҳри Алмато вохӯрии ҳаштуми вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ – Русия» баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи шоҳзода Султон Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Чин» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кумитаи олимпии Кувайт мулоқот намуд