Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо роҳбарияти ниҳоди занони СММ мулоқот намуд

Март 15, 2025 11:36

ДУШАНБЕ, 15.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи 69-уми Комиссия оид ба мақоми зан дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо мудири иҷроияи Сохтори СММ оид ба баробарии гендерӣ ва тавондмандсозии занон (СММ-Занон), муовини Дабири кулли СММ Сима Сами Баҳус баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Дилрабо Мансурӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар татбиқи Эъломияи Пекин ва Барномаи амали он ҷиҳати таҳкими баробарии гендерӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст.

Дар ин зимн иттилоъ дод шуд, ки қонунгузории Тоҷикистон такмил ёфта, зиёда аз 60 санади ҳуқуқӣ барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт қабул шудааст. Таъкид шуд, ки «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон», барномаҳои дастгирии соҳибкории занон ва грантҳои президентӣ амалӣ мешаванд.

Муовини Сарвазири мамлакат мудири иҷроияи Сохтори СММ-Занонро барои сафари расмӣ ба Тоҷикистон ва иштирок дар Муколамаи навбатии занони Осиёи Марказӣ, ки соли равон дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, даъват намуд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ

Март 15, 2025 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Корея мулоқот намуд
Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Душанбе дурнамои рушди муносиботи судманди Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Намоишгоҳи байналмилалии EXPO-2025 гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо ёвари Дабири кулли СММ оид ба корҳои ҷавонон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 71-уми Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Дар Москва фестивали дӯстии халқҳо «Кишвари ман» баргузор гардид
Дар шаҳри Алмато вохӯрии ҳаштуми вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ – Русия» баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи шоҳзода Султон Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Чин» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кумитаи олимпии Кувайт мулоқот намуд