Рӯзи Модар дар Бадахшон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид

Март 6, 2025 11:14

ДУШАНБЕ, 06.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Модар дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки таҷлили Рӯзи Модар  ба фарорасии фасли баҳор рост омада, таҷассуми меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба занону модарон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба бузургӣ ва азамати Модар чунин гуфтаанд: «Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мунису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия менамояд ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстӣ ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд».

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш менамояд бо муҳайё сохтани фазои муносиби ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию фароғатӣ сатҳу сифати зиндагии занонро баланд намуда, онҳоро ҳарчӣ бештар ба фаъолияти сиёсию роҳбарикунанда ҷалб созад.

Имрӯз занону духтарони тоҷик дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа бо фаъолияти худ дар рушди бомароми мамлакат саҳми арзишманд мегузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Март 6, 2025 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Модари ҷоизадори бозиҳои олимпӣ Темур Раҳимов: «Модарон барои тарбияи фарзандони хубу номбардори миллат заҳмати сангинро паси сар менамоянд»
Дар Тоҷикистон 71 фоизи кормандони соҳаи тибро занон ташкил медиҳанд
Президенти Тоҷикистон: «13 ҳазор нафар духтарони тоҷик дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд»
Шаъмигули Карим: «Ронанда шудан орзуи даврони кӯдакиам буд»
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оид ба нақши Модар ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар ноҳияи Муъминобод Рӯзи Модар хотирмон таҷлил гардид
Зан – Модар сарчашмаи ҷовидонаи ҳаёт ва нуру зиёи зиндагӣ аст
Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст
Дар таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон зан-метеорологҳо нақши муассир доранд
Рӯзи Модарро дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ба таври тантанавӣ таҷлил намуданд
«МОДАР ВАТАН АСТУ ХУД ВАТАН МОДАРИ МОСТ!». Зан-Модар дар фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад
Барои кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ барномаи идонаи бошукуҳ доир гардид