Рӯзи Модар дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид

Март 6, 2025 14:58

ДУШАНБЕ, 06.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи занон дар сафи роҳбарикунандаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ҳайати омӯзгорон ва муҳаққиқони донишгоҳ рӯ ба афзоиш аст. Хусусан заноне, ки соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ мебошанд, бо неру ва маҳорати баланд дар пешбурди фаъолияти илмию таълимӣ нақши муҳим доранд. Онҳо на танҳо ба пешрафти донишгоҳ, балки ба рушди илму маориф ва тарбияи мутахассисони баландихтисос мусоидат менамоянд. Ин нуктаро Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода дар ҷамъомади идонаи тантанавие, ки имрӯз ба ифтихори Рӯзи Модар баргузор гардид, иброз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ иттилоъ медиҳад.

Ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Асрорзода гуфт, ки «Модар мазҳари муҳаббат, меҳру вафо, сабру таҳаммул ва чароғи равшани хонадони ҳар инсон аст. Бо шири поку дуои неки модарон фарзандон ба камол расида, накубахт мегарданд ва дар рушду пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд. Дар роҳи илму маърифат, тарбияи фарзандон ва рушди Ватан нақши модарон беназир аст».

Бо назардошти нақши арзишманду муассири занону модарон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар авлавияти сиёсати худ қарор додааст.


Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Модар чароғи хонадон, офтоби бахту саодати фарзандон ва сарчашмаи меҳру муҳаббат дар ҷомеа мебошад. Дастгирии занон, баланд бардоштани мақому манзалат ва таъмини зиндагии шоиста барои онҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат мебошад».

Зан-Модар сарчашмаю офарандаи ҳаёт, рамзи покию зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад. Басе рамзист, ки Рӯзи Модар дар рӯзҳои нахустини эҳёи табиат, бо накҳату нафосати баҳорӣ ва дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз таҷлил мегардад. Фасли баҳор ва зан ҳарду рамзи эҳёи зиндагӣ ва шодиву ормонҳо ҳастанд. Зан-Модар чун баҳор бо муҳаббат ва меҳру дуо дунёро ба сӯи нуру зиё мебарад. Маънӣ ва зебоии зиндагӣ барои ҳар инсон аз муҳаббати модар, хоҳар ва зан оғоз меёбад. Ин муҳаббат, ки дар вуҷудаш табиати некӯ ва фидокорӣ ҷо дорад, ҷаҳонро равшан месозад.

Дар анҷоми ҷамъомади идона кормандону омӯзгорони фаъоли донишгоҳ аз ҳисоби занон бо Сипоснома ва кумакҳои молиявии яквақтаина қадрдонӣ гардиданд.


АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Март 6, 2025 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Модари ҷоизадори бозиҳои олимпӣ Темур Раҳимов: «Модарон барои тарбияи фарзандони хубу номбардори миллат заҳмати сангинро паси сар менамоянд»
Дар Тоҷикистон 71 фоизи кормандони соҳаи тибро занон ташкил медиҳанд
Президенти Тоҷикистон: «13 ҳазор нафар духтарони тоҷик дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд»
Шаъмигули Карим: «Ронанда шудан орзуи даврони кӯдакиам буд»
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оид ба нақши Модар ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар ноҳияи Муъминобод Рӯзи Модар хотирмон таҷлил гардид
Зан – Модар сарчашмаи ҷовидонаи ҳаёт ва нуру зиёи зиндагӣ аст
Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст
Дар таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон зан-метеорологҳо нақши муассир доранд
Рӯзи Модарро дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ба таври тантанавӣ таҷлил намуданд
«МОДАР ВАТАН АСТУ ХУД ВАТАН МОДАРИ МОСТ!». Зан-Модар дар фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад
Барои кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ барномаи идонаи бошукуҳ доир гардид