Зарардидагони заминларзаи водии Рашт ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд

Апрель 15, 2025 15:41

РАШТ, 15.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 апрел баъди рух додани заминларза комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд, вобаста ба супориши Сарвари давлат таҳти сарпарастии муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода субҳи 14 апрел дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки гурӯҳи кории ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарияти ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷаласаи ситоди корӣ баргузор гардид.

Муовини Сарвазири кишвар барои таъмини зарардидагони зилзила бо маводи ғизоӣ, дастрасӣ ба хаймаҳои муваққатӣ, барқу гармӣ, табобати осебдидагон ва ҳалли дигар мушкилоти иҷтимоӣ аз  масъулин иҷрои саривақтӣ ва бетаъхири дастуру супоришҳои Пешвои миллатро талаб намуда, изҳор дошт, ки тибқи ин дастуру супоришҳо зарари расида бояд дар муҳлати кӯтоҳ барқарор карда шавад.

Дар айни замон зарардидагони ин офати табиӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, роҳҳои маҳаллӣ пурра барқарор карда шудаанд.  Сокинони аз офати табиӣ зарардида  бо  хаймаҳо таъмин гардида, комиссияҳои корӣ ба онҳо мунтазам кумакҳои ғизоию моддӣ ва равонию тиббӣ мерасонанд.

Тибқи супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳаҷм ва воситаҳои расонидани кумак ба мардуми зарардида  ва бартараф намудани пайомадҳои ин офати табиӣ бояд  зуд муайян карда шуда, барои бартараф намудани мушкилот корҳо суръат бахшида шаванд. Вобаста ба иҷрои супоришҳо комиссияи ҳукуматӣ иборат аз роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои  вобаста ба ҳолатҳои фавқулода, захираҳои давлатӣ, сохтмон, геология, заминсозию геодезия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминларза ва муайян намудани ҳаҷму намудҳои кумакҳои фаврӣ ба мардуми зарардида машғул мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 13 апрел, соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ ба амал омад. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Дар натиҷаи ин офати табиӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қариб 200 иншооти гуногуни дигар зарар дидаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Апрель 15, 2025 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Деҳлии Нав Саммити дуюми глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ идома дорад
Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ густариш меёбад
Фарҳод Раҳимӣ: «Паёми Президенти Тоҷикистон заминаи стратегии рушди иқтисодӣ ва худшиносии миллӣ аст»
Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Дар Тоҷикистон Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода мешавад
Соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид
Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд
Аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
Таҷрибаи ислоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ муаррифӣ карда шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ҷамъбаст гардид
Дар Тоҷикистон кадом навъи бемории зуком хуруҷ намудааст?
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ оид ба нақши зан дар Туркманистон иштирок намуд