ИМЗОИ ҲУҶҶАТҲОИ ҲАМКОРӢ
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова Пайрав Назаров). — Имрӯз дар фарҷоми гуфтушуниди ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Эъломияи ҳар ду мамлакат «Дар бораи равнақу ривоҷи минбаъдаи муносибатҳо, ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ», Барномаи ҳамкории Тоҷикистону Чин дар давраи солҳои 2008 – 2013, протоколи мубодилаи тасвибномаи Муоҳидаи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Чин, созишномаи ҳамкории Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва Шӯрои байналхалқии омӯзиши забони чинӣ, созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин дар бораи сарфи назар кардани андозгирии дубора ва пешгирии пардохти андоз аз даромад ва сармоя, созишномаи вусъати ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Чин, созишномаи ҳамкории техникию иқтисодии Тоҷикистону Чин, Акти супориш ва қабули кӯмаки техникии ҳукумати Чин ба маблағи 40 миллион юан, тасвибномаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Чин дар бораи дароз кардани мӯҳлати пардохти қарзи бефоизи ҳукумати Чин ба маблағи 50 миллион юан, созишномаи рафту омади нақлиёти автомобил дар байни Тоҷикистону Чин, созишномаи ҳамкории «Амонатбонк» — и Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Чин, меморандуми ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо Бонки воридоту содироти Чин ва меморандуми ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Зи Ҷин Интернейшнл Миминг Ко Лтд» имзо карда шуданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






