ҚУРБИ ДОЛЛАР ПАСТ МЕШАВАД
Вашингтон, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар» -Радиостанияи Маяк).- Аз рӯи натиҷаҳои савдои музоядаи дирӯз дар Амрико баргузоргардида қурби доллар нисбати евро 2,34 фоиз паст фуромад. Дирӯз ба ивази 1 евро 1 доллару 4823 сент дода шуд. Ин дар давоми 7 соли охир арзиши пасттарини доллари амрикоӣ мебошад. Бояд гуфт,ки сармоягузорон вобаста ба вазъи ногувори иқтисодиёти ИМА ва нақшаи ҳукумати ин мамлакат дар бобати бартараф сохтани бӯҳрони фаъолияти бонкҳо изҳори ташвиш менамоянд. Тавре хабар дода шуд, дар ИМА дар давоми ду соли оянда барои расонидани кӯмак ба бонкҳо аз буҷети давлат қариб 700 миллиард доллар ҷудо карда мешавад. Ба ақидаи коршиносон, ин сабаби афзоиши таворуми пул дар ИМА гардида метавонад. Қайд карда мешавад, ки дар натиҷаи паст гардидани қурби доллар нархи нафти хом дар давоми ду шабонарӯзи охир хеле баланд шуд. Аз рӯи натиҷаҳои савдои музоядаи 22 сентябр баргузоргардида нархи як баррел нафти хом дар биржаи Лондон ба 106,04 доллар ва дар биржаи Ню -Йорк ба 120 ,92 доллар баробар шуд. Ин нисбат ба савдои музоядаи як ҳафта пеш баргузоргардида мувофиқан 6,43 фоиз ва 16,37 фоиз зиёд мебошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






