ҶАМЪОВАРИИ ҒАЛЛАДОНА КАШОЛ МЕЁБАД
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки рафти ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ боиси ташвиш аст. Дар ҷумҳурӣ аз масоҳати 292480 гектар ғалладона 229654 гектар даравида шудааст. То 29 сентябр аз майдони даравидашуда, ҳосили масоҳати 221 ҳазору 266 гектари он кӯфта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2007 ба андозаи 6 ҳазору 75 гектар камтар мебошад. Аз ин бар меояд, ки соли ҷорӣ низ мӯҳлати ҷамъоварии зироатҳо ва шудгори тирамоҳӣ тӯл кашида, ба фаровонҳосилии соли оянда таъсири манфӣ хоҳад расонд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






