ҶАМЪОВАРИИ ЗИРОАТҲОИ ПОЛЕЗӢ ДАР АРАФАИ АНҶОМЁБИСТ
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯзҳо дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҷамъоварӣ ва захира намудани зироатҳои полезӣ давом дорад. Соли ҷорӣ дар майдони 7 ҳазору 890 гектар кишти зироатҳои полезӣ гузаронида шудааст, ки то имрӯз ҳосили 5896 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст. Ҷамъоварии ҳосили имсола нишон медиҳад, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ нисбат ба соли гузашта захираи зироатҳои полезиро зиёд карданд. Тибқи нақша то 15 сентябр 121 ҳазору 621 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст , ки он баробари 80 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Ҳосилнокии ҳар гектар зироатҳои полезӣ соли ҷорӣ ба 173 сентнерӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 11 сентнерӣ зиёд мебошад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






