БАРОИ КАМ КАРДАНИ ЗАРАРИ ФАЛОКАТҲОИ ТАБИӢ

Сентябрь 30, 2008 12:05

Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Созмони байналмилалии Фокус ба сокинони  мамлакатҳои Осиёи Марказӣ барои пешгирӣ, то ҳадди имкон кам кардани зарари  фалокатҳои табиӣ ва  коҳиш додани вобастагии онҳо аз  кӯмакҳои башардӯстона ёрӣ мерасонад. Созмони мазкур дар ин масъала дар Тоҷикистон бо  Агентии рушд ва ҳамкории Швейсария ҳамкорӣ мекунад.            Яке аз ҳадафҳои фаъолияти созмон дар Тоҷикистон огоҳ намудани аҳолӣ  аз  хавфи  фалокатҳои табиӣ мебошад. Коршиносони созмон бо ин мақсад  дар давоми ду соли охир дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бештар аз 1500  машғулият, мулоқот, машварат ва  вохӯриҳо баргузор сохтанд. Дар онҳо  зиёда аз 20 ҳазор нафар ширкат варзид.            Бояд гуфт, ки созмони байналмилалии Фокус дар Тоҷикистон 4 сол боз  фаъолият дорад. Намояндагии он бо  вазорати маориф ҳамаҷониба ҳамкорӣ карда, дар масъалаи пешгирии фалокатҳо табиӣ ва кам кардани оқибати онҳо дар байни талабагон  корҳои зиёдеро ба сомон мерасонанд.

Сентябрь 30, 2008 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш