ЧОРАБИНИИ САТҲИ ОЛИИ СММ ТАҲТИ РАЁСАТИ Э. РАҲМОН БАРГУЗОР ШУД.

Сентябрь 25, 2008 08:04

Чунонки қаблан хабар дода будем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар Иҷлосияи  63– юми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дорад.Дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон бори нахуст аз се ҳамоиши бузурге, ки дар Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегарданд, ду тоаш таҳти раёсати Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён мегирад.Яке аз онҳо- чорабинии сатҳи олии «Об ва санитария барои ҳама» буд, ки нимаи дуюми рўзи 24 сентябр баргузор гашт.Дар қисмати ифтитоҳии он дар баробари Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Питер Балкененд, Ноиби канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон Франк Валтер Штайнмайер, фиристодаи махсуси Ҳукумати Япония Ёрико Кавагучи,  Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Муттаҳидаи Танзания Девид Мвакиуса чун намояндаи Иттиҳоди Африко иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла ба нақши Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили глобалии обӣ баҳои баланд доданд.Чунонки огоҳӣ доред, солҳои 2005-2015 бо пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Даҳсолаи байналмилалии тадбирҳои «Об барои ҳаёт» дар тамоми ҷаҳон эълон гаштааст.Дар суханронии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун  таъкид гардид, ки бо татбиқи Даҳсолаи байналмилалии тадбирҳои «Об барои ҳаёт» ҳар сол шумораи одамоне, ки ба оби тозаи нўшокӣ дасрасӣ доранд, бояд 175 миллион нафарӣ зиёд шавад. Ба андешаи ў яке аз роҳҳои асосии зиёд намудани дастрасии одамон ба оби тозаи нўшокӣ кам кардани сарфи об дар обёрии заминҳои корам аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ,  аз ҷумла изҳори боварӣ намуд, ки ин ҳамоиши сатҳи олӣ дар ҳалли яке аз вазифаҳои асосии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола-ду маротиба кам кардани шумораи одамоне, ки ба оби тозаи нўшокӣ ва шароитҳои санитарӣ дастрасӣ надоранд, нақши намоён мегузорад.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз фоҷеаи баҳри Арал, ки ба гуфти ў «натиҷаи сиёсати обии кўтоҳандешонаи инсон ва сарфи назар кардани омилҳои экологӣ аст», ёдовар шуда, изҳор дошт: «ин қазияи маркази қитъаи Авруосиё аз сатҳи  минтақавӣ дур рафта, кайҳо боз ба мушкили ҷаҳонӣ табдил ёфтааст» ва таъкид дошт, ки баҳри ҳалли ин масъала тадбирҳои мусоиди байналмилалӣ бояд андешида шаванд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки Иҷлосияи махсуси Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об даъват карда шавад. Ҳамчунин даъват намуд, ки соли 2010 дар  шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ баҳри баррасии натиҷаҳои нимаи якуми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти  «Об барои ҳаёт» баргузор шавад.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки нимаи дуюми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти  «Об барои ҳаёт» ба масоили таъмини оби тозаи нўшокӣ ва шароитҳои санитарӣ бахшида шавад.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  пешниҳоди худро дар бораи сохтмони қубури обрасонии минтақавӣ аз кўли Сарез бори дигар ба миён гузошта, таъкид намуд, ки татбиқи ин лоиҳа ҳам ба таъмини миллионҳо одамон бо оби тозаи нўшокӣ ва ҳам ба кам кардани хатари кандашавии сарбанди табиии кўли мазкур мусоидат мекунад.Зимни сханрониҳои дигар низ оид ба ин масоил андешаю пешниҳодоти муфид садо доданд. Баъди анҷоми Чорабинии сатҳи олии «Об ва санитария барои ҳама», ки дар чаҳорчўби Даҳсолаи байналмилалии тадбирҳои «Об барои ҳаёт» доир гашт,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раисикунандаи он ва Фиристодаи махсуси Ҳукумати Япония Ёрико Кавагучи барои доираи васеъи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, аз ҷумла  изҳори боварӣ намуданд, ки пешниҳодҳои дар ин чорабинӣ ба миён гузошташудаи вобаста ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ва санитария дар ояндаи наздик амалӣ хоҳанд шуд.Фиристодаи махсуси Ҳукумати Япония Ёрико Кавагучи аз номи Ҳукумати Япония ба тадбирҳои обии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки кишвари ў ба Тоҷикистон дар татбиқи ибтикороти наҷибонаи он пайваста кўмак мерасонад.Ҳамоиши муҳими дигар- чорабинии сатҳи олӣ оид ба баррасии татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аст, ки имрўз таҳти ҳамраисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Финлядия Таря Каарина Халонен баргузор мегардад.Худи ҳамин рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин  дар ҳамоиши умумии  Иҷлосияи  63– юми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ хоҳад намуд.

Сентябрь 25, 2008 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба таҳияи омори расмии раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамоиш доир шуд
Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия таҷҳизоти нигоҳдорӣ ва истифодаи китобҳо беҳтар мегардад
Барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» мусобиқаи варзишӣ эълон карда шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Таваҷҷуҳи сокинон ба парвариши маҳсулот дар гармхона бештар гардидааст
Моҳи май дар Душанбе Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимон баргузор мешавад
Дар Истаравшан вобаста ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест
Озмуни экологии «Моҳи ҳифзи пиряхҳо 2025» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таъсири интернет ва расонаҳои рақамӣ конфронс доир шуд
Вазъ ва мушкилоти таълими фанни мантиқ дар мактабҳои олии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Вобаста ба нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ конфронс баргузор гардид