ДАРАВИ ГАДУМ ДАР АРАФАИ АНҶОМЁБИСТ

Сентябрь 11, 2008 10:45

Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дарави гандум дар арафаи анҷомёбист. То 11 сентябр аз масоҳати 220 ҳазору 389 гектар гандуми киштшуда 189 ҳазору 808 гектари он даравида шудааст, ки ба 88,1 фоизи нақша баробар аст. Ҳосили 181 ҳазору 811 гектар кӯфта гирифта шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 33 ҳазору 951 гектар зиёд аст. Ҳосилнокии заминҳои кӯфташуда аз 1 га 19 сентнериро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли гузашта 2,8 сентнерӣ бештар аст. Ҳосили умумии гандуми ҷамъовардашуда 345 ҳазору 11 тонна мебошад, ки дар муқоиса ба соли 2007 64 ҳазору 317 тонна зиёд мебошад.

Сентябрь 11, 2008 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд