«ФУЗӢ» РАШТРО МАШҲУР МЕСОЗАД
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси ноҳияи Рашт – узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Толибов мардуми ин водӣ, бахусус сокинони ноҳияи Раштро боз як намуди себи навъи «Фузӣ» машҳури олам хоҳад кард. Ҳама мардуми Тоҷикистон хуб медонанд, ки ватани себи «Хубонӣ» ин раштонзамин аст. Соли ҷорӣ бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 256 бех ниҳоли хитоии навъи «Фузи» харидорӣ ва барои парвариш ба хоҷагии деҳқонии «Наимӣ» дода шуд. Нашъунамои ниҳолҳо хуб аст. Хоҷагии «Наимӣ» аз ин ниҳолҳо «Модарбоғ» бунёд карда, дар оянда Раштро бо себи навъи «Фузӣ» машҳури олам карданист.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






