ОМӮЗИШИ УСУЛҲОИ КИШТИ ТИРАМОҲӢ
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 23 сентябр дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо мақсади дар мӯҳлати муайян ва дар шароити мусоиди агротехникӣ, хушсифат ва сари вақт гузаронидани кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона ва гузоштани заминаи устувор барои ҳосили соли 2009, дар мавзӯи «Кишти тирамоҳии ғалладона» семинар баргузор гардид. Дар он олимону мутахассисони соҳаи кишоварзии минтақа, роҳбарони корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон иштирок намуданд. Аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар семинар мавзӯъҳои «Усулҳои парвариши ғалладонаи тирамоҳӣ», «Тухмии хушсифат — асоси ҳосили фаровони зироатҳои ғалладона» ва «Аз бемориҳо ва ҳашароти зараррасон эмин нигоҳ доштани зироат» муҳокима карда шуданд. Ёддовар мешавем, ки соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар масоҳати 292 ҳазору 447 гектар зироатҳои ғалладона ва лӯбиёгӣ кишт карда шуд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 127 ҳазору 654 гектар ва дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ 2457 гектар зироатҳои ғалладона ва лӯбиёгӣ корида шуд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






