«РЕГАР – ТАДАЗ « – ДАР САФИ ПЕШ
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Барандаи дукаратаи Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё — дастаи «Регар — Тадаз» дар сафи пеши дастаҳои футболи лигаи олии ҷумҳурӣ қарор дорад. Дастаи мазкур дар натиҷаи 20 қувваозмоӣ 50 хол ба даст овардааст. Дар ҷадвали мусобиқа ҷои дуюмро дастаи «Хуҷанд» ва ҷои сеюмро дастаи «Вахш» — и Қӯрғонтеппа ишғол менамоянд. Аз Федератсияи футболи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки чанд рӯз пеш дар қувваозмоии навбатӣ дастаи футболи «Динамо» бар дастаи «Гвардия» ба ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Дастаи ЦСКА «Помир» дар майдони худ зимни қувваозмоӣ бо дастаи «Тоҷиктелеком» и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Дар байни футболбозони алоҳида узви дастаи «Энергетик» Сӯҳроб Ҳамидов ҷои аввалро ишғол менамояд, ки ба дарвозаи ҳарифон 16 тӯб задааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






