ТАҶЛИЛИ 40 – СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҲАФТАНОМА
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 6 октябр 40 – солагии таъсиси ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» ҷашн гирифта мешавад. Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ба ин муносибат дар қасри «Пойтахт» ҷамъомади ботантана баргузор мегардад. Сармуҳаррири ҳафтанома Гулнора Амиршоева зикр намуд, ки ба ин ҷамъомад намояндагони корхонаю муассисаҳои гуногун, хонандагони фаъоли ҳафтанома, дӯстон ва ҳамкасбон даъват карда мешаванд. Ба шарафи чилсолагии ҳафтанома озмуни ба ин муносибат эълонкардашуда ҷамъбаст карда мешавад. Ба ғолибон аз номи ҳафтанома ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт тӯҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ дода хоҳад шуд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






