Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоиши байналмилалии «Ҳутали Қадим пойгоҳи зуҳури зобони тоҷикӣ-форсӣ, тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳифз ва эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.
Мақсад аз баргузории ҳамоиш баррасӣ ва таҳлили дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифз, барқарорсозӣ ва муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ гардид.
Директори агентӣ Шералӣ Хоҷазода иброз намуд, ки ҳамоиш ба баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ, арҷгузарӣ ба мероси ниёгон ва муайян намудани роҳҳои самаранокии ҳифзу истифодаи минбаъдаи арзишҳои таърихию фарҳангӣ равона мегардад.
Таъкид шуд, ки ёдгориҳои таърихӣ робитаи наслҳоро таъмин менамоянд. Тавассути шиносоӣ бо ёдгориҳои меъморӣ, осори хаттӣ, санъати мардумӣ ва маконҳои таъриҳӣ инсон дарк мекунад, ки ӯ идомадиҳандаи роҳи тулонии таърихӣ мебошад. Ин дарк ҳисси тааллуқ ба миллат ва ифтихор аз гузаштагони худро тақвият мебахшад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 2026 дар Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад. Ин чорабинӣ ба муносибати қабул гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО доир карда мешавад.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






