ВАҚТЕ КИ БА МО ПАЙРАВӢ КУНАНД
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти Раиси раёсати кооперативи истеҳсолии ба номи Карим Исмоилови ноҳияи Ваҳдат Имомназар Сангалиев, хоҷагӣ соли ҷорӣ дар майдони 1 ҳазору 2 гектар кишти гандум, сабзавот ва пахтаро ба роҳ монд. Хоҷагӣ аз 300 га майдони кишти гандуми навъи «Жагер» 30 сентнерӣ ҳосил ба даст овард, ки ин дар ноҳия нишондиҳандаи хуб аст . Аз 36 га замини сабзавот 176 сентнерӣ ҳосил бардошта шуд, ки ин ҳам қобили қабули мутахассисон аст. Аъзои хоҷагӣ ба ҷамъоварии пахта машғуланд. Ҳоло аз 380 га замини пахтазор дар чиниши аввал аз ҳар гектар 11 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда шудааст, ки ин муваффақияти боз ҳам бештар аст. «Сирри ҳамаи ин муваффақият дар меҳнати ҳалол ва дилгармӣ ба кор аст, ки барои коргарон муҳайё сохта шудааст. Агар ҳама ба мо пайравӣ кунанд, ба чунин муваффақият ноил хоҳанд шуд» иброз дошт сардори хоҷагӣ дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






