ЗАХИРА АЗ ПОРСОЛА КАМ
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) – и ҷумҳурӣ тибқи дурнамои Вазорати кишоварзӣ 637 ҳазору 924 тонна хошоки дурушт ва 226 ҳазору 233 тонна хӯроки ширадори чорво бояд захира карда шавад, иброз доштанд, дар Раёсати чорводории ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар. Дар асоси маълумоти фаврии вазорат то 1 сентябри соли ҷорӣ 487 ҳазору 574 тонна хошоки дурушт ва 22 ҳазору 277 тонна хӯроки ширадор захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 ҳазору 7 тонна хошоки дурушт ва 22 ҳазору 161 тонна хӯроки ширадор камтар захира карда шудааст, ки ин мутаносибан баробари 96 ва 50 фоизи нақша мебошад. Тибқи дурнамои Вазораи кишоварзӣ ба як сар чорво 10,7 сентнер воҳиди хӯрока зарур аст. То имрӯз ҳамагӣ 6,5 сентнер воҳиди хӯрока барои як чорво захира карда шудааст, ки 61 фоизи иҷрои нақшаро таъмин мекунад. Миқдори захираи хӯроки чорво нисбат ба соли гузашта ба ҳар як сар 0,6 сентнерӣ кам мебошад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






